Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тибби байналмилалии «Мармед»-ро ба истифода доданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тибби байналмилалии «Мармед»-ро ба истифода доданд
Ноябр 15
15:35 2023

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд Маркази тибби байналмилалии “Мармед”-ро ба истифода доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, аз 6 ошёна, таҳхона ва 36 кати хоб иборат мебошад. Муроҷиаткунандагон метавонанд дар баробари ташхису табобат ҳамзамон аз хизматрасонии ошхона ва ҳавзи шиноварӣ истифода баранд.

Дар маркази нави тиббӣ бо навтарин дастгоҳҳо ташхису табобат ва намудҳои зиёди ҷарроҳӣ, аз қабили ҷоғу рӯй, чашм ва узвҳои дарунӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талаботи замон мутобиқ гардонидани имконотро дар соҳаи иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисон супориш доданд, ки ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хизмат расонанд.

Ҳуҷраҳо барои бақайдгирӣ, ташхису табобат, таҳлилӣ хун ва ду ҳуҷра барои ҷарроҳӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар маҷмуъ зиёда аз 30 нафар мутахассисони баландихтисос бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Дастгоҳҳо барои ташхису табобат аз Корея, Туркия, Чин ва Аврупо ворид шудаанд. Сохти бунёди бино ва афзалият додан ба таҷрибаи муосир имкон фароҳам овардааст, ки раванди хизматрасонӣ ба таври худкор доир шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро ба омӯзиши нозукиҳои кор тавассути технологияи муосир, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва бо истифода аз имконияти мавҷуда ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд вазифадор намуданд.

Барои анҷом додани табобат ва ҷарроҳиҳои мураккаб мутахассисон аз Русия, Узбекистон, Туркия ва Ҳиндустон низ даъват мешаванд.

Раванди такмили ихтисоси табибон дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои тиббии мамлакат ба таври амалӣ доир мешавад.

Ба фаъолият оғоз намудани маркази нави тиббӣ, ворид шудани таҷҳизоти муосир ва ҷалби мутахассисони баландихтисос имкон медиҳад, ки ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хизмат расонида шавад.

 

Ифтитоҳи Маркази тибби байналмилалии “Мармед” дар шаҳри Хуҷанд 15.11.2023

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 338
  • 956
  • 913,038