Семинар-машварати омӯзишӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав

Семинар-машварати омӯзишӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав
Май 13
17:17 2022

Ҷиҳати  иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2022, №1865 (23-3) оид ба доир намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав санаи 13 майи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати омузишӣ гузаронида шуд.

Дар кори семинар-машварат кормандони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, сармуҳосибон-иқтисодчиён ва шахсони мутасадии муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ ва зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур бо мақсади ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон фаҳмонидани муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шудааст, аз тарафи кормандони масъули Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар давоми чорабинӣ баъди баромади асосӣ бо саволу ҷавобҳои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ посухҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,541
  • 1,421
  • 958,063