Шӯъбаҳои Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд

Шӯъбаҳои Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд
Апрел 14
11:45 2021

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати оқилонаву инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон як қатор таҷҳизоти муосири тиббӣ, ёрирасон ва техникӣ дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои сартабиби Беморхонаи шаҳрӣ Зулола Ибрагимова табибони шаҳри Бӯстон ҳамарӯза аз ғамхориву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардида, баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ азму талош намуда истодаанд.

Хусусан, дар давраи вазнини хуруҷи бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ворид гардидани кӯмакҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беморон ва табибон, дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва амсоли инҳо шаҳодатиин гуфтаҳо мебошанд.

Дар ин замина, моҳи апрели соли равон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон зиёда аз 138 номгӯи таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили катҳои функсионалӣ, рентгени рақамӣ, автоклав, дастгоҳи ултрасадои доплерӣ, мониторҳои назди кати бемор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда шуд.

Санаи 13 апрели соли равон мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Ғафур Зоирӣ ва сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри мазкур Зулола Ибрагимова таҷҳизоти муосири тиббиро дар фазои тантанавӣ ба мудирони шуъбаҳои беморхонаи номбурда тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон як адад Беморхонаи шаҳрӣ мавҷуд буда, ба сокинони шаҳр хизмати тиббӣ мерасонад. Беморхона дорои 16 шуъба буда, дар он зиёда аз 340 нафар табибон, ҳамшираҳои тиб ва ғайра фаъолият мебаранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 57
  • 1,040
  • 947,835