Шӯъбаи қабули беморони Беморхонаи марказии Исфара пас аз таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Шӯъбаи қабули беморони Беморхонаи марказии Исфара пас аз таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Июн 03
15:43 2024

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ба талаботи  муосири хизматрасонии тиббӣ мувофиқ намудани фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳр тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ  шуда  истодаанд.

Боиси қаноатмандист, ки солҳои ахир соҳаи тандурустии шаҳри мазкур, аз ҷумла фаъолияти беморхонаи марказии он ба таври назаррас беҳтар ва пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои соҳа пайваста мустаҳкам гардонида мешаванд.

Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо иштироки  раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода  боз як иншооти ҳаётан муҳими ба тозагӣ азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳазгардида-шӯъбаи қабули беморон мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои шӯъба аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси беморхона ва бо дастгирии соҳибкорони саховатпешаи диёр  куллан таъмиру азнавсозӣ ёфта, бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст.

Тибқи иттилои мудири шӯъбаи қабули беморони Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Ғаниҷон Аббосов, бо мавриди истифода қарор ёфтани ин иншооти муосири тиббӣ  барои фаъолияти табибон шароити мусоид фароҳам оварда  шуда, минбаъд  дар ин ҷо ҳуҷраҳои таҳлили беҳдоштӣ, ташхиси ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва ғайра шабонарӯзӣ фаъолият хоҳанд кард.

Раиси шаҳр зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур таъкид дошт, ки бо дастгириҳои  пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара дар оянда низ ба рушди соҳаи тиб ва фароҳамсозии шароити замонавии корӣ барои табибон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда  хоҳанд шуд.

Мавриди баҳрабардории ниёзмандон қарор додани бинои куллан таъмиру азнавсозиёфта ва муҷаҳҳазкардашудаи шӯъбаи қабули беморон ва фароҳам сохтани шароити созгору заминаи хуби моддӣ-техникӣ имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар шавад.

Кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Исфара баҳри амалӣ намудани барномаҳои солимӣ неруи худро дареғ надошта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар нигоҳдории сиҳатии мардум саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,470
  • 1,495
  • 962,971