Шӯъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати вусъати кӯдаконаи “Шифобахш” пас аз таъмири капиталӣ ба истифода дода шуд

Шӯъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати вусъати кӯдаконаи “Шифобахш” пас аз таъмири капиталӣ ба истифода дода шуд
Феврал 06
14:05 2024

Шӯъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати вусъати кӯдаконаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” пас аз таъмири капиталӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Корҳои таъмирии шӯъбаи мазкур  ҷиҳати ба талаботи замон ҷавобгу намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ моҳи декабри соли 2023 оғоз ёфта буд ва инак, баъди бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои таъмирӣ он мавриди истифода қарор гирифт.

Дар баробари ин, шӯъбаи номбурда бо  як қатор таҷҳизот ва лавозимоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардоманиторҳо, дефибилиятор ва ғайра таъмир карда шудааст, ки дар табобати беморон нақши муҳим мебозанд.

Шӯъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати вусъати кӯдаконаи маркази мазкур аз 10 кат иборат буда, дар он 15 нафар мутахассисони соҳа ба табобати беморон машғул мебошанд.

Дар ин шӯъба бемороне, ки ба таври таъҷилӣ ва бо таври нақшавӣ бистарӣ мегарданд, ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Дар навбати худ табибони шӯъбаи мазкур ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии пайвастаи соҳа изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ аз пештара бештар баҳри таъмини солимии аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 32
  • 579
  • 862,512