“Шифобахш”: Сафи олимони соҳаи тиб меафзояд

“Шифобахш”: Сафи олимони соҳаи тиб  меафзояд
Ноябр 27
10:30 2020

Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” яке аз сармуассисаҳои калонтарини соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  ба шумор рафта, асоси фаъолияти онро табобат, пешгирии бемориҳои гуногун ва барқарорсозии организми беморон баъди беморӣ ташкил намуда, инчунин он муассисаи базавии таълимӣ барои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хизмат менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” сол то сол сафи олимону пизишкон афзуда истодааст. Айни замон дар муассисаи мазкур  2 нафар доктори илмҳои тиб ва 30 нафар номзадҳои илми тиб фаъолият  намуда истодаанд ва ҳамчунин беш аз 61 нафар кормандони муассиса омодаи ҳимояи номзадии хеш мебошанд. Бояд гуфт, ки аз 653 нафар табибони дорои маълумоти касбии олӣ 248 нафар ё 38%-ро ҷавонон ташкил менамоянд.

Муассисаи мазкур  дорои 8 бинои сеошёна, як бинои дуошёна, 4 бинои якошёна, қисми хоҷагидорӣ ва 61 шуъбаҳои гуногун мебошад, ки аз онҳо 35 адад шуъбаҳои табобатӣ ва 26 адад шуъбаҳои ёрирасонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,480
  • 1,495
  • 962,981