“Шифобахш”: Вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва терроризму экстремизм ҳамоиш доир гашт

“Шифобахш”: Вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва терроризму экстремизм ҳамоиш доир гашт
Май 04
15:22 2023

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- “Шифобахш” вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳминзода ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур қайд карда шуд, ки дар воқеъ, ин падидаҳои номатлуб ба пешрафт ва гулгулшукуфоии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид сохта, монеаи рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим мегарданд.

Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар дар бар мегирад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мулоқот бо роҳбарони сарони давлатҳо, зиёиён, ҷавонону занон пайваста дар бораи торафт реша давонидани терроризм ва ифротгароӣ хушдор дода, онҳоро ҳамчун таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра маҳкум менамоянд. «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан,  миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Дар ҳамоиш як қатор иштирокчиён дар мавзӯи  “Муқовимат ба коррупсия вазифаи асосии ҳар як шаҳрванд” ва “Терроризм ва экстремизм хатари сартосарии ҷомеаи ҷаҳонӣ”  баромад намуданд.

Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремизм ва терроризм ба ҳозирин видеоролик намоиш дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 345
  • 956
  • 913,045