«Шифобахш». Вохурии намояндагони сохторҳои марбута бо кормандони соҳа ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб

«Шифобахш». Вохурии намояндагони сохторҳои марбута бо кормандони соҳа ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб
Апрел 05
16:03 2024

Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» доир ба  пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, коррупсия ва дигар амалҳои ношоистаи ҷомеа вохурии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур баргузор гардид.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имрӯзҳо яке аз кишварҳои фаъол ва ташаббускор дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм ба шумор меравад.

Намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониҳои хеш аз хатар ва таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму  экстремизм ва коррупсия ба ҷомеа ёдовар шуда, иброз доштанд, ки мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб кори дастаҷамъона мебошад.

Бинобар ин, қайд кардид, ки бояд ҳар як фарди худшиносу худогоҳи  ин сарзамини биҳиштосо бар зидди чунин хатарҳои замони муосир мубориза бурда, бо ин роҳ дар таъмин ва пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилии сокинони кишвари маҳбубамон саҳми хешро гузорад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 101
  • 1,127
  • 893,108