Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад шаби 30 марти соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии шабонаи Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе шинос гардид.
Аснои боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо як қатор беморон низ суҳбати озод анҷом дода, доир ба рафти хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.
Зимни боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.