Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тиббию табобатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.
Дар доираи ин ташаббус шаби 23 январи соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии вазорат Илҳом Бандаев аз вазъи хизматрасонии Муассисаи давлатии “Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат”-и шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Зимни гуфтугӯи озод масъулини вазорат бо бошандагони муассисаи мазур иброз доштанд, дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа, махсусан пиронсолон имрӯз дар сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар мавқеи хоса дорад.
Тавре маълум гардид, айни ҳол дар муассисаи мазкур барои бошандагон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар ба табақаҳои осебпазири ҷомеа дарак медиҳад.
Дар навбати худ бошандагони муассисаи мазкур аз таваҷҷуҳи хоса ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, таъмини бошандагон бо маводҳои доруворӣ аз ҷониби масъулини вазорат ба роҳбарияти муассисаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.