Тавре қаблан иттилоъ дода будем, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад имрӯз, 17 майи соли равон муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ба ноҳияи Данғара, Мирҳамуддин Камолзода ба ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат сафар намуда, бо муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд.
Муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аснои шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мазкур масъалаҳои гузаронидани ташхисҳо, ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини беморхонаҳо бо маводҳои доруворӣ ва зиддивурусӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, бояд қайд намуд, ки шаби 16 майи соли равон Сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ Обидҷон Аминов ва Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” Илҳом Бандаев аз марказҳои саломатии шаҳрии №10, 14 ва 9 дидан намуда, бо вазъи хизматрасонии шабонарӯзии марказҳои мазкур шинос шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.