Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи нигоҳдории вояҳои ваксинаҳои зидди бемории коронавирус, ки дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 вориди Тоҷикистон шудаанд, имрӯз, 15 ноябри соли равон Намояндаи USAID оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон Кристофер Баррет аз анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 нигоҳдорӣ мешаванд, дидан намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 дар анбори махсуси вазорат ва дар яхдонҳои махсус тибқи талаботи муқарраргардида нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда бо нақлиётҳои махсус ба муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.
Зимни суҳбат бо хонум Кристофер Баррет муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати расонидани вояҳои ваксинаҳои зидди бемории коронавирус ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ин ташаббусро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.