Шокир Шарифов

Июл 26
15:55 2017
Шокир Шарифов
Шокир Шарифов

Бештар аз худмуолиҷакунӣ пайдо мешаванд

Бемориҳои шуш бештар дар фасли сармо ба назар мерасад, ки он ҳам аз илтиҳоби сабуки роҳҳои нафаскашӣ ба вуҷуд меояд. Ба  бемориҳои роҳҳои нафас илтиҳоби бронхҳо, илтиҳоби роҳҳои нафаскашӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Аксари кӯдаконро вомехӯрем, ки аз сулфаи дурудароз азият мекашанду ҳатто дар беморхонаҳо бистарӣ мегарданд. Барои сабабҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои шуш суҳбати кӯтоҳеро бо Шокир Шарифов, мудири шуъбаи бемориҳои шуши кӯдаконаи Маркази миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

-Мегуфтед, ки сабабҳои асосии гирифторӣ ба бемориҳои шуши кӯдакона дар чист?

-Бемориҳои шуши кӯдакона хосиятҳои хоси худро доранд. Сабабҳои асосии ин бемориҳо, ки тақрибан  60-70 фисадро ташкил мекунанд, аз зуком сарчашма мегиранд.  Аз гирифторшавии зуком 5-6 рӯз мегузарад, баъдан оризаҳои беморӣ пайдо мешавад. Пӯшида нест, ки мардум моҳияти гузаронидани бемории зукомро хуб дарк накарда, сари вақт ба духтур муроҷиат намекунанд. Оризаҳо фоизи зиёдро ташкил медиҳад, ки дар он оризаҳои роҳҳои нафас, бронхҳо ва дигар узвҳои нафаскашӣ мешавад.

-Аксари модарон ба худмуолиҷакунӣ машғуланд. Ҳамчун мутахассис  мегуфтед, ки то кадом дараҷа ин амал ба манфиати кӯдакон хоҳад буд?

-Вақте кӯдакон ба бемории зуком гирифтор мешаванд, аксари модарон ба худмуолиҷакунӣ машғул мешаванд, ба духтур дер муроҷиат  мекунанд. Бисёри вақт дар ҳолати вазнин кӯдакро ба беморхона меоранд. Дар чунин ҳолат муолиҷа дарозмуддат ва мушкил мегардад.

-Хатарҳои дер муроҷиат кардан ба духтур ва худмуолиҷакунӣ чист?

-Пеш аз ҳама, бояд қайд намоям, ки дар ҳолатҳои номбаршуда, яъне, худмуолиҷакунӣ ва дер муроҷиат намудан ба мутахассис оқибат ба хурӯҷи музмин  оварда мерасонад. Дар ин сурат  бемориҳои роҳҳои нафас дурудароз идома меёбад.

-Мехостем фаҳмем, ки кӯдаке, ки бемориаш ба марҳилаи музмин мегузарад, дар муддати дароз ҳам бошад муолиҷа меёбад ё ин ки боқимондаи беморӣ дар организми онҳо боқӣ мемонад?

-Агар сари вақт аз тарафи духтурони соҳа муолиҷа гиранду дар таҳти назорати онҳо  бошанд, ба гуфтаи онҳо амал намоянд, албатта,  муолиҷа хоҳанд ёфт.

-Дар шуъба чӣ қадар кормандон ба беморон хизмати тиббӣ мерасонанд?

-Дар шуъбаи мо айни ҳол панҷ духтур бо  маълумоти  оли, 12 нафар ҳамшираҳои шафқат ва 13 ходимони хурд кор мекунанд. Бояд қайд намоям, ки фаъолияти онҳо барои нигоҳубин ва расонидани ёрии тиббӣ назаррас мебошад.

-Ҳамчун мутахассис мегуфтед, ки гирифторони бемориҳои шуш кам шудааст ё рӯ ба афзоиш аст?

-Ростӣ гап хеле кам шудааст. Чунки дар маркази ноҳияҳо беморхонаҳо ва марказҳои хизматрасонии тиббӣ фаъолияти назаррас доранд, шояд аз ин сабаб бошад. Ба мушоҳида мерасад, ки дониши тиббии мардуми мо низ нисбат ба солҳои пешин хеле боло рафтааст, ки ин ҳам як сабаби камшавии беморон шуда метавонад.

-Маслиҳати шумо ба хонандагони ҳафтанома.

-Ба ҳамаи  волидон ва ҳамватанонамон чунин маслиҳат медиҳам, ки кӯшиш кунанд, ки  нисбати фарзандони худ, аз ҷумла кӯдакон бетараф набошанд. Баъд аз оне ки нишонаҳои бемории зукомро дар кӯдакашон мебинанд, ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд ва ҳар таъйиноте, ки аз тарафи мутахассис мешавад, сари вақт иҷро намоянд, то ки ба бемориҳои   музмини роҳҳои нафас гирифтор нашаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 201
  • 1,171
  • 723,264