Шумораи гирифторони COVID-19 дар ИДМ меафзояд: дар Россия беш аз 52 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд

Шумораи гирифторони COVID-19 дар ИДМ меафзояд: дар Россия беш аз 52 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
Апрел 21
12:41 2020

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 5 642 нафар зиёд шуда, 52 763 касро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта дар ин давлат 3 873 нафар ва шумораи фавтидагон 456 кас мебошад. Россия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷойи 10-ум қарор дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар Беларус ва Украина, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд, мутаносибан 6 264 ва 6 125 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 51 нафар фавтида ва 514 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 161 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 367 нафар табобат шуда, ба манзили зист баргаштанд.

Дар Молдова 2 548 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 457 нафар шифо ёфтаанд ва 70 каси дигар вафот кардаанд.

Дар се давлати Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон имрӯз мутаносибан 115, 30 ва 22 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, шумораи беморон дар онҳо 1967,  1657 ва 590 нафарро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон аз шумораи умумии сироёятшудагон 452 нафар шифо ёфта, 19 кас фавтидаанд. Дар Ӯзбекистон беморони шифоёфта 261 нафарро ташкил дода, 5 каси дигар вафот кардаанд. Дар Қирғизистон 216 нафар табобат шуда, 7 каси дигар фавтидаанд.

Шумораи беморони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Арманистон 1 401 нафар ва дар Озарбойҷон 1 436 кас мебошад. Дар Арманистон 609 нафар ва дар Озарбойҷон 791 кас табобат шудаанд. Дар ҳар ду давлат мутаносибан 24 ва 19 нафар фавтидаанд.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 026 нафарро ташкил медиҳад, ки 135 нафари онҳо шифо ёфта, 35 тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 490 ҳазору 516 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 170 ҳазору 590 нафар вафот карда, 653 ҳазору 577 кас шифо ёфтаанд ва 57 ҳазору 338 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Россия ҳамчунин ИМА (792 938 нафар), Испания (200 210), Италия (182 228), Франсия (155 383), Германия (147 065), Британияи Кабир (124 743), Туркия (90 980), Эрон (83 505) ва Чин (82 758) дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Михаил Терешенко/ТАСС

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 92
  • 1,058
  • 888,504