СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус чорабиниҳои омодагӣ ба роҳ монада шавад

СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус чорабиниҳои омодагӣ ба роҳ монада шавад
Март 07
17:50 2021

Бо мақсади минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани вазъи беҳдоштӣ дар қаламрави мамлакат вобаста ба сирояти коронавирус Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Дар қарор, аз ҷумла омадааст:

  1. 1.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи солимии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ:
    – барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) чорабиниҳои омодагиро ба роҳ монад;
    – банақшагирии аҳолиро аз рўи синну сол бо дарназардошти марҳалаҳои дуюм ва сеюми иммунизатсия анҷом диҳад;
    – ҳарчи зудтар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
    2. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани дастрасии васеи аҳолӣ ба ваксина бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
    3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
    4. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма тадбирҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани пайдоиш, паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва моҳияти ваксинатсия вусъат диҳанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2022
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 604
  • 641
  • 652,454