Дар вилояти Хатлон бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии иншоотҳои соҳаи тандурустӣ, инчунин ҷиҳати беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳо амалӣ гарида истодааст.
Дар 11 моҳи соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 42 бунгоҳи саломатӣ ва 21 маркази саломатии деҳотӣ бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, саҳми аҳолӣ ва бо ҷалби ташкилотҳои байналмиллалӣ сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 4 бунгоҳи саломатии дигар бомаром идома даранд.
Маблағгузории соҳаи тандурустии вилояти Хатлон сол то сол афзуда истода, нисбати соли 2016-ум маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур 32 миллион сомонӣ зиёд гардидааст, ки 9,0 фоиз афзоиш ёфта, 25,0 фоизи нақшаи қисми хароҷотро ташкил медиҳад.
Боиси зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12 муассисаҳои тиббӣ, теъдоди духтурон, аз ҷумла бо маълумоти олӣ 510 нафар ва миёнаи тиббӣ 2996 нафар зиёд гардида, 1572 муассисаҳои тиббӣ ва 112 муассисаҳои тиббии хусусӣ бо шумораи 3670 нафар духтурон ва 15969 нафар кормандони миёнаи тиб, аз инҳо 23 нафар номзадҳои илми тиб ва 3 нафар докторон, ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.