Сохтмон ва таъмири муассисаҳои КАТС дар шаҳри Турсунзода

Сохтмон ва таъмири муассисаҳои КАТС дар шаҳри Турсунзода
Июл 05
16:34 2024

Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ба талаботи муосири хизматрасонии тиббӣ мувофиқ намудани фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳр тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Турсунзода низ рушду пешрафт намуда, баҳри таъмини солимии сокинони ноҳия муассисаҳои тандурустӣ марҳила ба марҳила аз таъмир бароварда шуда, бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин гардида истодаанд.

Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази саломатии шаҳри Турсунзода аз таъмир бароварда шуда, дар он баҳри ташхису муоинаи беморон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Чунин корҳои ободониву созандагӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди ташхису муоина барои сокинони мамлакат маҳз дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ба роҳ монда шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,575
  • 1,421
  • 958,097