Сохтмон ва таъмири муассисаҳои тандурустӣ дар ноҳияи Айнӣ

Сохтмон ва таъмири муассисаҳои тандурустӣ дар ноҳияи Айнӣ
Август 24
16:51 2023

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми чораҳои муҳимро амалӣ намуда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Айнӣ низ рушду пешрафт намуда, баҳри таъмини солимии сокинони ноҳия муассисаҳои тандурустӣ марҳила ба марҳила аз таъмир бароварда шуда, бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин гардида истодаанд.

Аз ҷумла бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шашмоҳаи аввали соли 2023 Маркази саломатии ноҳияи Айнӣ ва Бунгоҳи саломатии деҳаи Сайрон аз таъмир бароварда шуда, инчунин дар деҳаи Куруди ноҳияи мазкур як Бунгоҳи саломатӣ  пас аз сохтмон мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ айни ҳол таъмири куллии Беморхонаи минтақавии №4-и деҳаи Дарғ ба номи Махсум Одинаев ҷараён дошта, дар назар аст, ки он то охири соли равон ба истифода дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки руйдоди муҳими фараҳбахш барои кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ моҳи июли соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидани Беморхонаи минтақавии деҳаи Урметан ба шумор меравад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 931
  • 842
  • 655,152