Сохтмончиёни НБО Роғун аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд

Январ 29
12:12 2018

26 январи соли равон   «Корвони саломатӣ»-и  навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муоинаи тиббии сохтмончиёни  НБО Роғун ва дар ин замина таъмини сатҳи сиҳатии онҳо    вориди  майдони сохтмонии НБО Роғун гардид.

Дар чорабинии мазкур 40 нафар мутахасисони ботаҷрибаи соҳа  ҷалб гардида, дар рафти баргузории «Корвони саломатӣ»  зиёда аз 1500 нафар муроҷиаткунандагон аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд.

Дар баробари ҷалб гардидани мутахассисони соҳибтаҷриба ба «Корвони саломатӣ», ҳамчунин дастгоҳҳои ташхисӣ, аз қабили  ташхиси фаросавтӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, дастгоҳи даруннигарӣ, нақлиёти сайёри флюорографӣ, нақлиёти сайёри ташхисӣ, тестҳо барои ташхиси бемориҳои сироятӣ ва диабети қанд, инчунин   маводҳои иттилоотӣ барои ташхису маслиҳатдиҳӣ сафарбар гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,473
  • 1,495
  • 962,974