Сокинони деҳаҳои Хушдилон ва Рахшонзамин соҳиби марказҳои саломатӣ шуданд (АКС)

Сокинони деҳаҳои Хушдилон ва Рахшонзамин соҳиби  марказҳои саломатӣ шуданд (АКС)
Декабр 18
16:45 2019

Дар доираи  истиқболи сазовори ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гушаву канори кишвар корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дорад.

Рӯзи 18 декабри соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боз ду Маркази саломатии деҳот дари худро ба рӯи ниёзмандон боз кард.

Марказҳои саломатии деҳоти Хушдилон ва Рахшонзамин дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаркунии сифати хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии моливии Бонки Умумиҷаҳонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин ду бинои нави замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ, таҳлилгоҳӣ ва мебели махсус барои муассисаҳои тандурустӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Маркази саломатии деҳоти Рахшонзамин бо иштироки  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин, муовини раис ва намояндагони Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” мавриди истифода қарор дода шуд.

Ифтитоҳи  Маркази саломатии Хушдилон  дар яке аз деҳаҳои дурдасти ин ноҳия имкон фароҳам меоварад, ки ба мардуми маҳаллӣ сари вақт ва бо сифати баланд хизмати босифати тиббӣ расонида шавад.

Марказҳои саломатӣ тибқи  нақшаи ягона бунёд гардида, дорои 8 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ, духтури занона ва таҳлилгоҳ мебошанд.

Ба ин ду Маркази саломатӣ 85 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 305306,08 сомонӣ  ва, 24 намуди мебели тиббӣ, ҷевон, мизу курсӣ ва лавозимоти дигар ба маблағи  213090,76 сомонӣ харидорӣ ва пешниҳод шудааст, ки  барои кори хуби табибон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин муассиса бо генератори барқӣ, манораҳои захираи оби нӯшокӣ, иншоотҳои ёридиҳандаи хоҷагидорӣ таъмин шудааст.

Табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки тӯли солҳо дар биноҳои фарсуда ва шароити номусоид ба мардум хизмат мерасониданд, аз дастрасӣ ба биноҳои замонавӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ва мебели махсус изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд бо кӯшишу ғайрати бештар хизматрасонии тиббиро ба роҳ хоҳанд монд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулони шабакаи кӯмаки аввалияти тиббию санитарии ноҳия даъват ба амал овард, ки ин биноҳои  наву замонавӣ ва мебелу таҷҳизоти тиббиву таҳлилгоҳиро хубу боэҳтиёт истифода намуда, коршоямии онро дар солҳои минбаъда низ таъмин намоянд, зеро ба ин васила сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ таъмин хоҳанд кард. Ҳамзамон барои таъмини муассисаҳо бо кадрҳои соҳибихтисос вазир ба роҳбарияти шабакаи кумаки аввалияти тиббиву санитарӣ супориш дод, ки кормандони марказҳо навбунёд, табибону кормандони миёнаи тиб барои такмили ихтисос ва гузантани курсҳои махсуси тибби оилавӣ ҷалб карда шаванд ва савияи донишу малакаи хешро сайқал диҳанду дараҷанокии ихтисоси худро боло баранд.

Фаъолияти хуби муассисаҳои навбунёди замонавӣ имкон медиҳанд, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар деҳаҳои мазкур ҷавобгӯй ба талаботи давр роҳандозӣ гардида,  аҳолӣ аз хизмати босифати тиббӣ бархурдор гарданд.

Ёдовар мешавем, ки барои боз ҳам беҳтару хубтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғд ва Хатлон аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият дошта, аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, сохтмони 37 Маркази саломатии деҳот ба анҷом расонида шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, мебели махсус, манораҳои захираи об ва панелҳои офтобиву генераторҳо таъҳизонида шуданд. Ҳамчунин ба ин ноҳияҳо 20 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки муҷаҳҳаз бо тамоми  асбобҳои зарурии ёрии аввалияи тиббӣ мебошанд, дастрас карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 734
  • 1,151
  • 886,110