Сокинони ноҳияҳои Ёвон ва Файзобод соҳиби марказҳои нави саломатӣ гаштанд

Сокинони ноҳияҳои Ёвон ва Файзобод соҳиби марказҳои нави саломатӣ гаштанд
Декабр 25
10:27 2018

 

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрузҳо дар тамоми гушаву канори мамлакат корҳои ободонӣ-созандагӣ бо суръати баланд идома дошта, дар баробари вазорату идораҳои давлатӣ, ҳамчунин шарикони рушд низ, дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони ватанӣ, барои боз ҳам ободу зеботар намудани ин ватани маҳбуб ҳиссагузорӣ мекунанд. Айни ҳол дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон таъмиру азнавсозии иншооти маишиву таълимӣ ва тиббӣ идома дорад. Дар ин раванд сохтмони 5 адад биноҳои муассисаҳои самти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ба нақша гирифта шуда,  2 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросими расмии ифтитоҳи биноҳои нави марказҳои саломатӣ, “Дӯстӣ” воқеъ дар деҳаи Дастгираки ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнов ва “Кулобод” дар деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргул масъулини ноҳия, намояндагони Лоиҳаи Бонки Умумичаҳонӣ ва сокинону дигар меҳмонон аз идораву муассисаҳои дахлдор ширкат варзида, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ, шароитҳои фароҳам овардашуда, баҳои баланд доданд. Чуноне, ки роҳбарияти ноҳия, зимни баромади табрикотии хеш иттилоъ доданд, бунёди ҳамин қабил иншооти хизматрасонӣ бо тарҳи нави меъморӣ дар деҳкадаҳои дурдаст, ки мардумаш ба хизматрасонии баландсифати тиббӣ эҳтиёҷи бештаре доранд. иқдоми саривактӣ аст.

Тибқи лоиҳаи меъморӣ биноҳои нави марказҳои саломатӣ, аз хуҷраҳои момодоя, таҳлилгоҳ, эмгузаронӣ, духтуру ҳамшираҳои тибби оилавӣ, доругузаронӣ, утоқи махсусгардонидашуда барои хатнаи кудакон иборат буда, бо ҷадидтарин дастгоҳҳои тиббӣ, ки дар сатҳи кумаки аввалия ниҳоят заруриянд фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон биноҳои дигари ёрирасон аз қабили гараж барои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, панелҳои офтобӣ, манораи об ва чоҳҳои алоҳида барои ҳолатҳои фавқулодаи сухтор, ҳаммому ҳоҷатхонаҳо барои маъюбону кормандон, ташкил гардидааст.

Бар замми ин, дар ҳудуди ноҳия, сохтмони дигар иншооти тиббӣ бо сатҳу сифати баланд идома дошта, рузҳои наздик Маркази саломатии “Ширинчашма” дар деҳаи Ширинбулоқ бо чунин тарҳу шароити созгор мавриди баҳрабардории сокинон қарор дода мешавад. Итминон меравад, ки дар соли пешомад, иловатан дар 2 биноҳои марказҳои саломатӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта ба мардум хизмати бармаҳал ва босифати тиббӣ расонида хоҳад шуд.

Бунёду азнавсозии биноҳои нави Марказҳои саломатӣ дар 4 ноҳияҳои ҳудуди вилоят идома дошта, дар марҳилаи аввал ифтитоҳи 9 иншоот ва то 30 солагии Истиклолияти давлатии кишвар иловатан 10 бинои нави дигар муассисаҳои тиббӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолтият дорад, бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ боз як Маркази саломатии деҳот мавриди истифода қарор гирифт. Ин маркази саломатии бо тарҳи замонавӣ сохташуда дар ҷамоати Мискинободи ноҳияи Файзобод қомат афрохта, дар баробари бинои наву замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ, ки барои хизматрасонии саривақтӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ лозим аст, ҷиҳозонида шудааст. Ҳамзамон муассиса бо мебели хушсифат барои кормандони муассиса таъмин карда шудааст. То ба имрӯз сокинони деҳоти дурдаст бештар аз набудани таҳлилгоҳҳо дар наздикии маҳалли зисташон шикоят доштанд. Бо назардошти ин мушкилот, дар муассисаҳои нави тиббӣ, аз ҷумла дар Маркази саломатии навсохти  “Орифон” таҷҳизоти лабораторӣ низ дастрас карда шуд, ки барои гузаронидани таҳлил ва ташхиси саривақтии беморон мусоидат хоҳад кард.

Маркази саломатии “Орифон” аз бинои якошёнаи дорои 8 утоқи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул барои табибон ва ҳамшираҳои оилавӣ, утоқи эмгузаронӣ, хатна, ҳуҷраи ташхиси занони ҳомила ва таҳлилгоҳ иборат буда, барои фаъолияти хуби корӣ тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 76
  • 1,219
  • 898,492