Соли 2021 дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи вирусология ва эпидемиология таъсис дода мешавад

Соли 2021 дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи вирусология ва эпидемиология таъсис дода мешавад
Декабр 29
16:17 2020

Соли 2021 дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсиси озмоишгоҳи вирусология ва эпидемиология дар назар дошта шудааст.

Тавре Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Академияи миллии илмҳо дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи вирусология ва эпидемиология бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи миллии илмҳои Белорус созишнома бастааст, ки баробари  кушода  шудани роҳҳо  курсҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Минск ва Пекин оғоз гардида, мутахасисон ба онҷо равон карда мешаванд.

«Имрӯз дар ҷумҳурӣ бе доштани чунин озмоишгоҳҳо  ихтироъ ва истеҳсоли маводи доруворӣ бар зидди коронавируси COVID-19 ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, сараввал Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мекӯшад, ки мутахассисон дар пояи ин муассисаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ коромӯзӣ намуда, тадқиқот баранд ва баъдан чунин озмоишгоҳҳо  таъсис дода шаванд»,- афзуд Фарҳод Раҳимӣ.

Ба зикри номбурда имрӯз барои таъсиси озмоишгоҳ имконияти молиявӣ мавҷуд мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 83
  • 1,058
  • 888,495