Соли 2022 дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 25 намуд амалиёти нави ҷарроҳӣ ба роҳ монда шуд

Соли 2022 дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 25 намуд амалиёти нави ҷарроҳӣ ба роҳ монда шуд
Январ 17
16:32 2023

Давоми соли 2022 дар самти ворид намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 25 намуд амалиёти нави ҷарроҳие, ки қаблан дар муассисаҳои тандурустии вилоят гузаронида намешуданд,  ба роҳ монда шуданд.

Аз ҷумла дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб усули нави ҷарроҳии найчагузории маҷроҳои талхагузар, кистаҳои солитарии ҷигар, гурда ва узвҳои занона таҳти назорати дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ ба роҳ монда шуд, Инчунин, дар беморхонаи мазкур амалиёти ҷарроҳии бурида гирифтани думи ғадуди зери меъда бо киста  гузаронида шуд.

Дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар  ба беморон бо ташхиси “тангшавии роҳҳои пешобрав” амалиёти ҷарроҳии “ретеропластикаи аугментатсионӣ” бо истифодабарии пардаи луобии лунҷ, амалиёти ҷарроҳии “эхинококози шушҳо” бо усули торакоскопӣ тариқи видеоассистентӣ ва ҷарроҳии тармимӣ дар суфраи гӯш ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон, дар давраи сипаригашта дар Маркази ҷарроҳии вилоятӣ амалиёти ҷарроҳии “Краниотомияи устухони пушти сар аз чап бо гирифтани омоси дохилимағзии кистозиву солидии ҳиссаи пушти майнаи сар аз чап”, амалиёти ҷарроҳии “Краниотомияи устухони фарқу пешонаву чакка аз чап бо гирифтани омоси дохилимағзии ҳиссаҳои фарқу пешона аз чап”, амалиёти  ҷарроҳии “Краниотомияи устуҳони фарқу чаккаи  сар аз ду тараф, бисёртар аз тарафи чап бо гирифтани омоси сеяки мобайнии синуси сагиталии майнаи сар  аз чап”, амалиёти  ҷарроҳии “Ламинэктомияи мӯҳраҳои С4-С5-С6-С7 бо гирифтани омоси интрадуралии ҳароммағз” ва ғайра гузаронида шуданд.

Дар ин давра дар Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба воситаи дастгоҳи ташхиси фаросавтӣ гузоштани нефростома ба кистаҳои гурдаҳо ба роҳ монда шуд.

Дигар намуд усулҳои ҷарроҳӣ дар як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят низ гузаронида шуданд.

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 767
  • 831
  • 719,133