
Март 06
10:36
2023
Дар доираи баргузории Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Руссия ва Тоҷикистон ки рӯзҳои 2-3 марти соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, байни Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Моторика»-и Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки мавзӯи ин Созишнома таъсиси шарикии ҳамоҳангсозии манфиатҳои тарафайн ва рушди ҳамкориҳо дар самти хизматрасониҳо ба маъюбон, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ зимни протезкунонии қисмҳои андомиболои (протезкунонии даст) инсон ба шумор меравад.