Суҳбати телефонии вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Белорус

Суҳбати  телефонии вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Белорус
Май 16
12:18 2020

Имрӯз, 16 майи соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Белорус Караник Владимир Степанович суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бо назардошти он, ки айни замон бемории COVID-19 ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, вазирони тандурустии ду кишвар зарур донистанд, ки дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони ин вирус ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Зимни суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти COVID-19, бистаринамоии беморон, ташкили видеоконфронсҳо бо иштироки мутахассисони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор  дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади омӯхтани таҷрибаи кишварҳои гуногун  дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушуниди телефониро бо вазирони як қатор давлатҳо ва созмону ташкилотҳои тандурустӣ ба роҳ мондааст.

Аз ҷумла, қаблан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Алишер Шадманов, Директори минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюге низ  суҳбати телефонӣ анҷом дода буданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 40
  • 1,040
  • 947,818