Суғд: Баргузории ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони тиб

Суғд: Баргузории ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони тиб
Август 17
07:30 2020

Дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи кормандони тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси вилоят кулли кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, изҳор дошт, ки таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба рушди соҳаи тиб таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Маҳз натиҷаи таваҷҷуҳи рӯзафзун ба соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 459 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмон ва таъмиру азнавсозии даҳҳо иншоот ба итмом расонида шудааст.

Давра ба давра қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба сиҳатии омма аз ғамхориҳои ҳамарўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ бо назардошти мақоми соҳа, талаботи замон ва нақшу манзалати табибон муттасил кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дараҷаи хизматрасонӣ ба мардум беҳтар гардад.

Соли равон барои духтурони вилоят, чун саросари олам, давраи санҷиши малака ва маҳорати касбӣ ба ҳисоб рафта, табибон дар мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 бори дигар нишон доданд, ки онҳо баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизмати тиббӣ, аз бемории сироятӣ эмин доштани мардум дониш ва нерӯи ақлониву ҷисмониашонро масраф мекунанд. Фаъолияти назарраси табибон бошад аз ҷониби давлату Ҳукумат мунтазам қадр карда мешавад.

Таъкид гардид, ки алҳол дар муассисаҳои тиббии вилоят 5276 нафар духтур, 17945 нафар корманди миёнаи тиб ва 6390 нафар корманди хурди тиб ба аҳолӣ содиқона хизмат мерасонанд ва умед аст, ки кормандони соҳа дар оянда ҳам баҳри нигаҳдории тандурустии аҳолӣ меҳнати шоиста мекунанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ гуруҳи калони кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар дар пешрафти соҳа, пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сироятии COVID–19 саҳми босазо гузоштаанд, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҷамъомади тантанавӣ кормандони сохторҳои Раёсати тандурустии вилоят, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят, беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатӣ, собиқадорони соҳа ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 749
  • 868
  • 734,868