Суғд: Гардиши шабонаи Ҷамолиддин Абдуллозода дар муассисаҳои тандурустӣ

Суғд: Гардиши шабонаи Ҷамолиддин Абдуллозода дар муассисаҳои тандурустӣ
Январ 10
09:10 2024
​Шаби 9 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар як қатор муассисаҳои тиббию табобатии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд гардиши шабона анҷом дод.
​Зимни боздиди хеш Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шӯъбаҳои муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд шинос шуда, ҳамзамон аз рафти табобати як қатор беморон дидан намуд.
Инчунин, номбурда бо наздикони як қатор беморон низ сӯҳбат анҷом дода, аз онҳо доир ба рафти хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд
Ҷамолиддин Абдуллозода аснои мулоқот бо наздикони беморон иброз дошт, ки роҳбарияти вазорат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини солимии шаҳрвандони кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
​Бояд гуфт, ки ҳадафи ташрифи роҳбарияти вазорат ба муассисаҳои тандурустӣ-ин пеш аз ҳама таҳлил ва баррасии вазъи феълии соҳа,​ шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикони онҳо, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати химзатрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 84
  • 1,219
  • 898,500