СУТ тавсия медиҳад, ки кӯдакони аз синни 12 боло ниқоб бипӯшанд

СУТ тавсия медиҳад, ки кӯдакони аз синни 12 боло ниқоб бипӯшанд
Август 24
16:26 2020

Коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ба ин назаранд, ки бо мақсади пешгирии тавсеаи COVID-19 кӯдакони аз синни 12 боло, мисли калонсолон  бояд ниқоб бипӯшанд. Тавре ки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус Reuters иттилоъ додааст.

Тавсияи мазкур дар санади муштараки СУТ ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дарҷ шудааст. Кӯдакони 12- сола ва болотар аз он бояд ниқоб бипӯшанд, агар имконияти тазмини риояи фосилаи иҷтимоӣ вуҷуд надошта бошад, чунин назар доранд мутахассисони ташкилот.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки кӯдакони синни болоӣ дар муқоиса бо кӯдакони хурдсол, эҳтимол метавонанд дар интиқоли уфунати коронавируси нав нақши фаъолтар дошта бошанд.

Илова бар ин коршиносон ба ин тавофуқ расидаанд, ки зарурати воситаҳои муҳофизатиро истифода намудани кӯдакони то 11-сола ба чандин омилҳо бастагӣ дорад, аз ҷумла суръат ва шиддати интиқоли уфунат дар маҳали сукунат, дастрасӣ ба ниқобҳо, инчунин ҳамкории мутақобилаи кӯдак бо одамоне, ки дар гурӯҳи хатар шомил мебошанд.

Дар ҳамин ҳол СУТ ва ЮНИСЕФ муътақиданд, ки аз кӯдакони аз панҷсола хурдтар набояд талаб карда шавад, ки ниқоб бипӯшанд.

13 июл роҳбари гурӯҳи техникии воҳиди ҳолатҳои фавқулодаи СУТ Мария Ван Керкхове иброз намуда буд, ки кӯдакони то 10-сола аз ҳама камтар ба коронавирус гирифтор мешаванд ва COVID-19 -ро ба осонӣ мегузаронанд.

Тавсеаи короновируси SARS-CoV-2, ки боиси хуруҷи COVID-19 гардид, моҳи декабри  соли гузашта шурӯъ шуда буд. Манбаи сироятёбӣ шаҳри   Ухани Чин гардид. Дар чанд моҳ беморӣ бештар аз 210 кишвари ҷаҳонро фаро гирифт. 11 март СУТ пандемияи коронавирусро эълон намуд.

Мутобиқи маълумоти охирини Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, ки омори COVID-19 -ро ҷамъоварӣ ва таҳлил менамояд, ҳамагӣ дар ҷаҳон 23 млн ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 971
  • 1,263
  • 842,720