Тақдими 15 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ба вазорат

Тақдими 15 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ  ба вазорат
Июл 15
10:47 2022

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикон оид ба рушд, соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно рӯ ба рушду нумӯ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ   ба талаботи ҷаҳонӣ  мутобиқ мегардад.

Густариш додани фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ, ки таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар ҳамкории судманд бо ташкилоти ҷаҳонӣ ва махсусус Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки он таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 инҷониб бо ҳадафи  такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ  дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии  вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз, тавассути усулҳои муосири маблағгузории  соҳаи тандурустӣ бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва  заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС фаъолият мебарад, аз зумраи лоиҳаҳои бобарор дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки тули солҳои татбиқи барномаҳои лоиҳа дар низоми муассисаҳои кӯмаки  аввалияи тиббию санитарии  ноҳияҳои таҷрибавӣ тағироти назаррас ба миён омад. Дар баробари дигар самтҳои фаъолият, яке аз ҳадафи аслии лоиҳа таъмини муассисаҳо бо нақлиёти тиббӣ маҳсуб меёбад.

Бо ин мақсад имрӯз, 15 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими навбатии тақдим гардидани 15 нақлиёти ёрии таъҷилӣ, 2 нақлиёти рефережатор, маникенту фантомҳо барои тибби оилавӣ, таҷҳизоти компютерӣ, ноотбук ва планшетҳо, таҷҳизоти тиббӣ барои ноҳияҳои нав шомили лоиҳа гардида, борхалтаҳои тиббӣ, маводҳои иттилоотӣ, маҷмуи дастурҳои клиникӣ ва дастурамалҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифмзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дафтари намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок доштанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, зимни суханронии хеш аз ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ, махсусан дар соҳаи тандурустӣ  ёдовар шуда, зикр дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ва татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтарнамудани хизматрасонии тиббӣ” қаноатманд аст.

Дар навбати худ Озан Севимлӣ, роҳбари дафтари намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон низ аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ гардидани  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки Бонки умумиҷаҳонӣ омодаи ҳамкориҳо дар ин самт мебошад.

Маврид ба тазккур аст, ки қаблан дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ шуда буд.

Ҳамчунин, дар ин руз барои Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Суғд фантому маникенҳо барои тақвият бахшидани базаи моддию техникии  таълимӣ  ба маблағи 24 930 дол. ИМА тақдим карда шуд. Қаблан чунин як маҷмуи дастгоҳҳои таълимӣ барои Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон дастрас шуда буд.

Имруз намунаи таҷҳизоти тиббие, ки барои 76 Маркази саломатии деҳоти ноҳияҳои таҷрибавӣ, ба маблаги 381 302 доллари ИМА харидорӣ шудааст, ба иштирокчиёни  ин чорабинӣ намоиш дода шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба сифати хизматрасонӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ давраҳои гуногуни омузишӣ оид ба ихтисоси тибби оилавӣ ташкил ва гузаронида шудаву ин раванд идома дорад.

Бояд гуфт, ки аз  аввали амалисозии лоиҳаи мазкур 3808 нафар кормандони тиббии сатҳи аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ бо давраҳои омӯзишӣ  6 моҳа, муттасил ва кутоҳмуддат  фаро гирифта шуданд. Беш аз 7700 нафар аз даврҳои омӯзиши компютерӣ ва асосҳои маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият гузаштанд.

Дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар маблағгузории якум, бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ корҳои сохтмонию азнавсозии 37 муассисаҳои тиббӣ дар 9 ноҳия таҷрибавӣ ва таъмири Маркази таълимию клиникии  тибби оилавии дар вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 78
  • 1,058
  • 888,490