Тақдими Авторефрижераторҳо ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»

Тақдими Авторефрижераторҳо ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»
Август 24
13:41 2022

Пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсия бо  қоидаҳои асосии бехатарӣ – яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин аст, ки густариш додани фаъолият дар диораи иммунизатсия ва таъмини шароити хуби корӣ дар марказҳо дастрасӣ пайдо намудани аҳолӣ ба ваксина зидди бемориҳо таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин масир иқдомоти амалии зиёде аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пиёда гардидааст.

Аз рӯзҳои аввали зуҳури бемории варогири коронавируси COVID-19, ки дар ҷаҳон боиси хисороти азими ҷониву молӣ гардид, пешгирии саривақтии доманпаҳннамоии он ва ба ваксинатсия фаро гирифтани аҳолӣ бобати таъмини сиҳатии омма дар кишвар аз вазифаҳои калидии Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб ёфтааст. Ҳамин аст, ки сироятёбии аҳолӣ аз бемории болозикр дар муддати кутоҳ пешгирӣ гардида, имрӯзҳо хушбахтона ҳолатҳои дарёфти гирифторӣ ба он дар саросари мамлакат ба қайд гирифта нашудааст.  Яке аз омили аслии решакан гардидани коронавируси COVID-19 дар мамлакат ин ба иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамин аст, ки то ба ҳол маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур   дар мамлакат идома дошта, ҳамакнун бо мақсади беҳтар гардонидани дастрасии хизматрасониҳо оид ба саривақт ва бехатар интиқол намудани ваксинаҳои зидди сирояти нави коронавируси COVID-19 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз он ҷумла ваксинаҳое, ки ба ҳарорати гармӣ ҳасосияти зиёд доранд  аз қабиӣ; Файзер, Модерна ва Гам-ковид-Вак ва ғ дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд, хоссатан Бонки Умумиҷҳонӣ  тадбирҳои судманд андешида мешаванд, ки  ворид ва дастраси  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонидани   автомашинаҳое, ки бо яхдон таҷҳизонида шудааст (Авторефрижератор), аз зумраи онҳо маънидод мегардад.

Маврид ба тазаккур аст, ки чанде қабл    аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад автомашинаҳои тамғаи “IVECO”, ки бо яхдон таҷҳизонида шудааст (Авторефрижератор), ҳамчун кӯмаки башардустона ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд, ки арзиши ҳар як автомашина 48 ҳазору 800 долари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда дар ҷумҳурӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №51 “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тасдиқ гардидааст.

Мақсади асосии Барномаи миллии  иммунопрофилактика ин таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак, таъмини дарозумрии аҳолӣ ва пурзӯр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ  арзёбӣ мегардад.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 95
  • 1,058
  • 888,507