Таҳияи таснифоти тахассусӣ

Таҳияи таснифоти тахассусӣ
Феврал 15
06:31 2019

14 феврали соли равон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ѓайрат ва мутахассисони соҳавии тандурустӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур дар партави  Паёми  навбатии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гашт ва ҳамчунин дар ҳошияи Маҷлиси  васеи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки  21 январи соли 2019 дар бинои Ҳукумат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, доир гашт.

Умарзода Саида Ғайрат зимни баромади хеш иброз намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст то стандартҳои давлатии арзёбии сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи тандурустиро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод намояд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муоширати табибон бо беморон, саривақт расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, инчунин доир ба иҷрои ҳатмии таѓйиру иловаҳои ба қонунгузории соҳа воридшуда тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар  ҷаласаи мазкур сармутахассисони  соҳавии вазорат вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати муайяншуда «Стандартҳои давлатии арзёбии сатҳи касбиятнокии мутахассисони соҳаи тандурустӣ (таснифоти тахассусӣ)»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Вобаста ба иҷрои банди 11 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019, №39 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2019, №55 фармоиш «Оид ба таъсис додани Гурўҳи корӣ барои таҳия намудани «Стандартҳои давлатии арзёбии сатҳи касбиятнокии мутахассисони соҳаи тандурустӣ (таснифоти тахассусӣ)» -ро ба тасвиб расонид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 80
  • 1,058
  • 888,492