Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон (АКС)
Август 18
17:29 2021

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон  имрӯз, 18 август дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии бошукӯҳи  идона баргузор  гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ,   намояндаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода  ва доираи васеи роҳбарону кормандони муассисаҳои  тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани табрикотии хеш иброз намуд, ки табибони кишвар бо дарки баланди вориси ҳақиқии Синои бузург будан имрӯзҳо дар пайравӣ ба сиёсати дурандешона ва оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистони азизамон  нақши арзишманди хешро гузошта истодаанд.

“Давоми солҳои охир маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар мамлакат рушду пешрафт намуда, дар таъмини солимии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз як сол қабл, яъне 18 августи соли 2020 зимни вохурӣ бо  кормандони соҳаи тандурустии мамлакат иброз намуда буданд: “Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид”,-иброз дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Қайд гардид, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ барои хизматҳои бемислу монанди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ  дар кишвар як қатор иқдомҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ҳамасола ҷашн гирифтани рузи таваллуди ин нобиғаи бузург, яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии мамлакат-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи ин чеҳраи мондагори таърих гузошта шуд. Барои олимони кишвар, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ ихтироъкорӣ менамоянд, ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис ёфт. Яке аз ноҳияҳои калонтарини шаҳри Душанбе низ ба номи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик гузошта шуд.

Боиси қайд аст, ки тавассути дастгирӣ ва кӯмакҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тули солҳои Истиқлолият дар соҳаи тандурустии кишвар баҳри беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст, аз он ҷумла муассисаҳои зиёди ҳозиразамони тиббӣ сохта ва таъмир карда шуда, бо техника ва таҷҳизотҳои навтарин таъмин карда шудаанд. Дар ин раванд бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд доранд. Далели ин гуфтаҳо, дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат мебошад, ки пеш аз ин шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ин мақсад ба хориҷи кишвар сафар мекарданд, ки ба манфиати иқтисодии мамлакат набуд.

Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода  бо изҳори сипос ба тамоми кормандони соҳаи тибби кишвар барои садоқат ва сарсупурдагӣ дар роҳи хизмат ба меҳану ҳамватанон, онҳоро бо иди касбиашон ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як қатор фаъолони соҳаи тиб Сипосномаву Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Баъдан, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кормандони беҳтарини соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ, нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Ифтихорномаи якҷояи вазорат ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон  сарфароз гардонида   шуданд.

Чорабинии мазкур бо баргузории барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар ба анҷом расид.

Қобили зикри хос аст, ки аз соли 1994  18 август, яъне рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 285
  • 638
  • 861,536