Таҷлили рӯзи кормандони тиб дар вилояти Хатлон

Таҷлили рӯзи кормандони тиб дар вилояти Хатлон
Август 21
12:28 2017

Бахшида  ба иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни зодрӯзи  олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар Маркази вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар кушодашавии нимпайкараи   Абуалӣ Ибни Сино сурат гирифт.

Дар расми кушодашавии он менеҷерони сохтори госпиталӣ ва КАТС, собиқадорони соҳаи тандурустӣ ва табибони варзидаи вилояти Хатлон иштирок намуданд. Баъд аз ифтитоҳи нимпайкараи   Абуалӣ Ибни Сино   дар Маркази саломатии шаҳри Курғонтеппа маҷлиси тантанавӣ   доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур роҷеъ ба  дастовардҳои соҳаи тандурустӣ тули 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гуфтушиндҳо сурат гирифта дар рафти баргузории чорабинӣ  дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор табибони варзида, ки дар рушду нумуи ин соҳа хизмати шоиста намуданд нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Вазорати тандурустӣ, ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон  ва Кумитаи иттифоқи касабаи Раёсати тандурустӣ инчунин  туҳфаҳои хотиравӣ такдим гардид.

Ҳамзамон бахшида ба таҷлили рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва зодрӯзи  табиб,   муттафаккири тоҷик Абуалӣ Ибни Сино     дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  маҷлисҳои тантанавӣ бо иштироки табибон қайд гардида, аз ҷониби мақомоти маҳалии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон табибони варзида бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 95
  • 1,058
  • 888,507