Таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ-асоси таъмини рушди соҳа” семинари омӯзишӣ баргузор гардид

Таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ-асоси таъмини рушди соҳа” семинари омӯзишӣ баргузор гардид
Июл 03
15:39 2024

3 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ-асоси таъмини рушди соҳа” семинари омӯзишӣ баргузор гашт, ки дар кори он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, Зулфия Абдусаматзода, Шодихон Ҷамшед, Амирзода Абдухолиқ Амир, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қуватзода Фотеҳ, Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Исфандиёр, мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифзода Фазлиддин Шариф ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, директорони марказҳои ҷумҳуриявии зерсохтори вазорат ва муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ҳузур доштанд.

Тавре зикр гардид, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидааст, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад.

Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Қайд гардид, ки яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо дар байни шарвандон, аз ҷумла аз тарафи кормандони соҳа вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки донистани ҳуқуқ вазифаи ҳар як шахс аст. Ҳар як нафар бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро донад ва риоя намояд, зеро дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият боло мебарад. Нафаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқиқиро медонаду аз талаботи онҳо бохабар аст, метавонад, ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд.

Ҳамин тавр баромадкунандагон дар мавзӯъҳои “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди давлати иҷтимоӣ” ва “Маърифати ҳуқуқии экологии шаҳрвандон” баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 1,588
  • 1,421
  • 958,110