Таҳти унвони “Нақши табибони ҷавон дар ҳифзи рисолати касбӣ” ҳамоиши табибони ҷавони мамлакат баргузор гашт

Таҳти унвони “Нақши табибони ҷавон дар ҳифзи рисолати касбӣ” ҳамоиши табибони ҷавони мамлакат баргузор гашт
Сентябр 25
15:13 2024

25-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  таҳти унвони “Нақши табибони ҷавон дар  ҳифзи рисолати касбӣ” баргузор гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода,  муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода, роҳбарият ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди табибони Тоҷикистон”, намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва доираи васеи табибони ҷавон иштирок намуданд.

Ҳамоиши мазкур бо садо додани  Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Баъдан, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода доир ба дастгирии давлатии ҷавонон  баромад кард.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштаанд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ-ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”.

Дар ин замина, қайд гардид, ки ҳанӯз 23 майи  соли  1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, Фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд ва маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки  23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

Воқеан ҳам фазои ободу осудаи ватани азизамон ҷойгоҳи сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имконияти васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад.

Шароити фароҳамоварда баҳри рушду инкишофи имконоти зеҳнӣ ва ҳамчун шахси комил бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардидани насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат намуд, ки ин дар навбати худ дар замири онҳо қобилияти нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ ба маротиб боло бурд.

Дар маҷмӯъ, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри баланд бардоштани мақом ва манзалати ҷавонон дар ҷомеа тамоми тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ намуд.

Маҳз натиҷаи чунин тадбирандешиҳо буд, ки имрӯзҳо саҳми ҷавонон дар пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа басо назаррас мебошад.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ҷавонон фаъолияти пурсамар намуда, дар таъмини солимии аҳолӣ саҳми назарраси хешро гузошта истодаанд.

Айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷавонон ба ҳайси олим, роҳбар, ҷарроҳ, ихтироъкор ва омӯзгор кору фаъолият доранд, ки ин албатта боиси ифтихор аст.

Кулли табибони ҷавони мамлакат ҷонибдори сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарияти Олии Ҳукумати мамлакат мебошанд ва минбаъд низ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки дар татбиқи сиёсати солимии аҳолӣ саҳми назарраси хешро гузоранд.

Дар ҳамоиш инчунин муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода ва як қатор табибони ҷавон низ баромад карда, доир ба дастгирӣ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба як қатор табибони ҷавон ифтихорномаи Иттиҳоди табибони Тоҷикистон  супорида шуд.
 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 557
  • 1,434
  • 1,050,796