Табиб бояд чашмони уқоб, дастони чевар ва дили шер дошта бошад

Табиб бояд чашмони уқоб, дастони чевар ва дили шер дошта бошад
Сентябр 28
11:54 2020

Ахлоқу одоби табибӣ — ин қоидаю меъёрҳои рафтору кирдор ва гуфтору муносибат натанҳо байни табибон, балки ҷомеи кормандони тиб ва беморон буда, риоя ва ба ҷо овардани онҳо нафъи дармонро афзуда, ба болоравии сатҳи фарҳангии ҷомеа таъсири нек мегузорад. Табибони тоҷик имрӯз дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 аз имтиҳони бузурги зиндагӣ гузашта истодаанд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар як муддати кӯтоҳ тамоми беморхонаҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин гаштаанд, ки барои дармон аз вируси COVID-19 мусоидат менамояд. Табибон аз ҷониби давлат ва соҳибкорон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани ин вабои аср саҳми арзанда гузошта  истодаанд.

Имрӯз тиби муосир ба зинаи баланди инкишоф расида, хоса дар соҳаи ҷарроҳӣ ва бахши сироятшиносӣ, дар ихтирои олоту ҷиҳозоти ташхис, маводи табобат ва ғайра ба комёбиҳои зиёде ноил гардидаст, ки сабаби беҳбудии  зисту маишат, шароити кор, таъмини муҳити иҷтимоӣ ва дигар омилҳо, имкони аз рӯи виҷдон ва истеъдоди фитрӣ, бо амри руҳу равон ва мувофиқи савганди табибӣ амал карданро доранд, ки ин билохира ба муносибати хуби байни табибу бемор, таъсири дилхоҳ бахшидани доруву дармон ва дигар амалиёти тиббӣ бурда мерасонад.

Маълум аст, ки ҳар сухан ва рафтори кормандони тиб, хулқу атвор, имову ишорат, авзою руҳия ва ҳолати ӯ дар ҳаёти бемор ва оқибати беморӣ таъсири мусбат ё манфӣ мерасонад. Биноан мавзӯи ахлоқу одоби табибӣ аз қадимулайём як қазияи умдаи тиб ба шумор меравад ва таваҷҷуҳи табибҳои тамоми ҷаҳонро ба худ мекашад, зеро ҳеҷ пешае чун табибӣ ба ахлоқи пок ниёзманд нест.

Намояндагони барҷастатарини тиби қадим — Буқроту Ҷолинус, Розиву Абӯалии Сино ва дигарон ба таълим додани ахлоқу одоб ба аҳли тиб бисёр таваҷҷуҳ фармудаанд.

Асосҳои ахлоқу пизишкии Шарқ дафъатан дар “Чарака-самхита” ном рисолаи қадимтарини табиби шуҳратманди ҳинд Чарака, ки тахминан дар асри 1-и милодӣ зиндагӣ мекард, зикр ёфтааст. Китоби номбурда ба ривоҷу равнақи тиби дунёи қадим таъсири бузурге гузошта, ба забонҳои порсӣ ва тозӣ тарҷума шудааст. Чарака ба таълими табибон, чӣ сон сохтани бемористонҳо барои табобати амрози мухталиф бисёр тавваҷуҳ менамуд. Вай муҳимтарин қавоиди ахлоқи табибӣ — уҳдадорӣ дар назди устод ва мариз, ғариз ва тамаъро дур доштан, меҳнати фидокорона, ҳифз намудани сирру асрори пизишкиро ба қалам дода, фармудааст, ки табиб бояд пайваста ба ҳифзу беҳбудии саломатии мардум ғамхорӣ намояд, дар роҳи аз дасти дард ва марг наҷот додани мариз ҷони хешро дареғ надорад.

Буқрот ва савганди ӯ се равишро ба таълим гирифтаанд. Якум, диққати том дар мушоҳида, дуюм, зарурати таҷрибаи тадриҷии шахсӣ, сеюм, вазъи ахлоқиро аз пешаи табибӣ ва аз ҳар ҳирфаи дигар авлотар донистан. Савганди Буқрот талқин мекунад, ки устоди пешаи пизишкӣ бояд поси падар ва модарро нигоҳ дорад ва устоду шогирд ба сурати як хонавода дароянд. Дар ситоиши омӯзгор ва арҷмандии ӯ беш аз падару модар суханҳо гуфтаанд, ки яке аз хомаи Саъдии бузургвор чакидааст:

Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.

Саноати тиб дар мамолики Шарқ хеле рушду камол ёфт. Номи Абӯбакри Розӣ (865-925) — табиб, мутафаккир ва қомусшиноси ҳамадон на фақат дар тамоми мамолики шарқи миёнаю наздик, балки дар Аврупо бо исми Разес низ машҳур буд. Таълифоти тиббии ӯ то иншо шудани “Ал-Қонун”-и Абӯалии Сино ба сифати китоби дарсии донишҷӯёни тиб хизмат мекард. Розиро баъди Буқрот устоди дуюм писандидаанд.

Муҳаммад Закариёи Розӣ ба табибон ва толибони табибӣ фармудааст: “Касе, ки худро ба хизмати тиб мебахшад, аввало бояд босаводу фурӯтан ва мардумдӯст, бомулоҳиза ва дурандеш бошад, мақсади ҳалли ҳар масъаларо комилан бифаҳмад. Табиби накӯманиш дорои ахлоқи ҳамидаву шоиста буда, ҳавоси хешро ром мекунад, аз пулпарастиву мансабҷӯӣ рӯ метобад. Ба замми ин, ӯ бояд шифокари закию доно бошад”. Розӣ таҷрибаро дар амалиёти ташхис ва табобати бемор шарти аввалиндараҷа ҳисобида, таъкид менамояд, ки ҳар табиб бояд андӯхтҳои табибони пешинро амиқ омӯзад ва дар мавриди зарурӣ моҳирона истифода бурда тавонад. Вай ақида дорад, ки ҳунари шифо дар байни маорифи башарӣ барои худ ҷои шоиста интихоб карда ва табиб беш аз ҳар кас тавонистааст рукни асосии тамаддун гардад. Воқеан, табиб файласуф, пешгӯи табиат, нозири шоистаи ҳаёти инсонӣ, саломатбахши ҳамагон ва ташкилкунандаи назми хонадон аст.

Китоби муқаддастарини тиб “Ал-Қонун”-и Абӯалии Сино ёдгории бебаҳои тиби асри миёна буда, дар он умдатарин вазифаи табиб — инсондӯстӣ зикр ёфтааст.

Вазифаи табиб нигоҳ доштани тандурустӣ, сиҳат кардани бемор ва баргардондани саломатии аввала мебошад. Барои аз уҳдаи ин кор баромадан ӯ бояд аввалан дониши худро ҳамвора мукаммал созад. Сонӣ, дониши андӯхтаи хешро мукаммал созад ва дар амал ҷорӣ намояд.- Вале обрӯву эътибори табиб,- мегӯяд Ибни Сино,- на фақат ба донишу маҳорат, балки ба ахлоқу одоби ӯ бастагӣ дорад. Табиб дар муомила бо мариз бояд хушзабону ҳалим бошад, хайрхоҳ, мушфиқу мунис ва ҳамдарду ғамгусори ӯ гардад.

Абӯалӣ ибни Сино ба калом ва муомилаи табиб аҳамияти махсус додааст: “Бархе аз беморонро танҳо бо сухан даво кардан мумкин аст”. Табъи хира (ланҷ), руҳафтодагӣ, ғаму ғусса кори дастгоҳи ҳазми хӯрокро бесомон месозанд. Табиб бояд муҳитеро фароҳамоварад, ки мариз аз фикру хаёлоти нохуш ва маъсӣ фориғ гардад, ба сиҳатёбӣ аз дард сахт умед бандад. Дар баъзе мавридҳо Бӯалӣ бо ёрии мусиқӣ, оҳангҳои дилписанд муолиҷа кардани беморро тавсия менамояд. Боз як хислати хуби Сино — беғаразӣ ва ҳазар аз тамаъ эътибори ӯро болотар бардошт. Агар ӯро ба назди беморе хонанд, пурсон намешуд, ки ин бемор аз куҷост ва аз кадом қавму табақа. Барои табиб шоҳу гадо баробар аст ва ӯ бояд бо амри виҷдони пок ва мувофиқи қарзи касбӣ амал кунад. Табиб ба мариз сиҳат шуданро бояд талқин намояд, зеро мизоҷи тани инсон бо ҳоли руҳу равони ӯ вобаста аст. Бархе айбҳои ахлоқӣ, ки мумкин домангири табиб гардад, он аст, ки бо сарнавишти мардуми дигар дахолат мекунад, ба ҷоҳталабӣ ва озормандӣ ва ҳавасварзӣ роғиб шавад ва фармудаҳои пешаи худро пушти по занад.

Абуҳомид Ғазолӣ (1058-1111) бо қатъият мегӯяд, ки расидан ба дараҷаи олӣ танҳо бо андӯхтани таҷрибаи фаровон имконпазир аст. Табиб дар роҳи омӯхтани ҳунари шифои бемор бояд ҳамеша ҳам дар амал ва ҳам дар андеша пухтакору сареҳкор бошад. Барои ин манзур вай як ёвари тиббӣ дар ихтиёр дорад, ки дониш аст. Як низоми табибӣ фаро гирифтан ва расидан ба дараҷаи баланди дониш аст.

Алӣ ибни ал-Аббос ал-Маҷус Аҳвозӣ дар китоби “Оини пизишкӣ” дар миёни панду ҳикматҳои ба табибон бахшида фармуда: “Ҳамчуноне, ки дар ҳаққи падару модари худ эҳтиром ва некӣ мекунед ва ононро дар дороии худ шарик медонед, бояд дар ҳаққи устодон низ чунон кунед. Табиб бояд дар табобати беморон чӣ бо ғизо, чӣ бо дору бикӯшад. Мақсадаш аз дармон сӯйистифода ва пулпарастӣ набошад ва бештар савобро дар мадди назар дорад. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои доруфурӯшӣ аввал манфиати беморро ба назар гирад. Ҳеҷ гоҳ ба бемор доруи хатарнок надиҳад ва васфи онро низ ба бемор нанамояд ва маризро бо чунин доруҳо на далолат кунад ва на аз он сухане ронад. Аз таҷвизи доруҳои музир барҳазар бошад. Табиб меҳрубону хушзабон бошад, дар дармони ҳар қабилаи беморон бо ҷиддияти том бипардозад, дар фикри суд ва тамаъ набошад. Табибро раво нест машғул ба ҳар гуна бозиҳо, айшу ишрат ва кайфу сафо, майнӯшӣ бошад. Ӯ бояд пайваста дар мутолиаи адабиёт ва маҳз адабиёти мушаххас саргарм бошад ва бикӯшад, ки чизҳои заруриро дар хаёлхонаи худ сабт созад, то ҳамеша ниёзманди кутуб набошад.

Ҷӯяндаи илми тиб бояд ҳамвора дар бемористонҳо ва маҳали маризон дар хидмати устодони донишманд ва табибони ҳозиқ ба хизмати беморон ва аҳволи онон бипардозад. Бо ин роҳ вай ба мартабаи баланди саноати тиб метавонад бирасад.

Ахлоқу одоби табибӣ ба маънои мушаххас аз эҳсосоти ботинӣ сарчашма мегирад. Чунин эҳсос ҳеҷ гоҳ табибро аз дучор шудан бо масоили рӯзмарраи ҳунари шифогарӣ боз намедорад. Вазифаи умдаи табиб он аст, ки бо тадобири борҳо аз санҷиш гузашта ба кӯмаки инсон бишитобад ва вайро ба дасти қазову қадар насупорад.

Файласуфон Форобӣ ва ибни Ҳалдун фармудаанд, ки табиб бояд ба ҳифзи ҳоли табиии тани инсону беҳдошт ва ҳамоҳангии зиндагонӣ мадад бирасонад. Ибни Маймун гуфтааст, ки “тиб он чиро, ки судманд аст, бифармояд ва он чизе, ки зиён меоварад, барҳазар дорад. Аммо барои интихоби судбахш маҷбур накунад ва барои баргузидани зиёнбахш ҷазот надиҳад”.

Тавре имрӯз мушоҳида мешавад, дар баробари сар задани вируси сироятии коронавирус COVID-19 бархе аз одамон ба харид ва истеъмоли нодурусти баъзе доруҳо пардохта, боиси кампайдоии онҳо дар дорухонаҳо ва боло рафтани нархи онҳо гардиданд. Ҳол он ки, истеъмоли худсаронаи чунин доруҳои зиддивирусӣ боиси паст гардидани иммунитети бадан шуда, илова бар ин, ба иқтисоди хонавода таъсири манфӣ мерасонад. Истеъмоли табиии меваву сабзавот беҳтарин дармон аст ва ба болоравии иммунитети бадан мусоидат менамояд.

Хоҷа Носири Тӯсӣ дар китоби “Ахлоқи падари хонавода” фаъолияти табибро чун кори падари хонавода донистааст, зеро падар ва табиб ҳарду уҳдадори мудирият ва иқтисод мебошанд.

С. А. ТАИБОВ, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи А. Сино,

З. ТУРСУНОВА, мутахассиси шуъба иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи А. Сино

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 85
  • 1,058
  • 888,497