Табиби шафқатойин

Табиби шафқатойин
Май 08
12:16 2020

Қаҳрамони қиссаву мақолаҳои мо як гӯрӯҳ олимони ҷавон – шахсияти табибони тоҷик аст, ки бо рафтору кирдор, муносибат ба кор, садоқатмандӣ, ҷуръатпазирӣ, мушкилписандӣ  ва фаъолияти илҳомбахши худ, на танҳо ҳамкасбони хеш, балки садҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро ба оянда умедвор мекунанд. Он чи ки ба ман ва садҳо ҷавони тоҷик бисёр ибратбахш аст, мавзеъгирии устувори табибон аст, ки марҳилаи душворро бо виқори ноби тоҷикӣ паси сар менамоянд.

Пешрафти ҳастии ҷамъиятӣ дар ҳар замону макон ба захираҳои зеҳнии ҷомеа ва нобиғаҳои илмӣ вобастааст. Таърих гувоҳ аст, ки дар замони вазъияти мураккаб миллат дар ҳамкории ногусастанӣ бо ниҳодҳои давлатӣ тавонмандии истисноии раҳоӣ аз ҳар гуна мушкилотро бо дароят, кордонӣ ва тафакури созанда ҷустуҷӯ менамояд ва ҳатман дар роҳи раҳоӣ аз чораҷӯӣ хоҳад кард. Дар эҷодиёти халқи тоҷик фармудае басо нишонрас дар ин мавзӯъ мавҷуд аст, ки зуҳурёбии сирати ашхоси дорои касбияти олиро таҷассум мекунад: «Шахсиятҳои бо истеъдод ва нобиға – ғолибан зодаи замони мушкилофар ва буҳронӣ мебошанд».

Дар ин мақола мехостам, ки дар қатори духтурони вафодори касби хеш, дар бораи духтури беморхонаи  сироятии Зарафшони шаҳри Душанбе – Исломов Нурулло Гадоевич, табиби варзида, хушмуомила, ҷасур ва мушфиқ  чанд сатре ин ҷо бикорам. Барои навиштан дар бораи ин табиби тавоно чанд омил таъсир гузошт. Сараввал, ақидаи дастаҷамъонаи бемороне моро ташвиқ ба навиштани ин қисса кард, ки аз дасти Н.Исломов ва ҳамкасбони ӯ дар ин беморхона аз маризӣ раҳо ёфтаанд. Дуюм, ҷуръати шахсии доктор Нурилло (ҳамкасбон ҳамин тавр ин шахсро ном мебаранд) асос шуд, ки дар ин ҷо дар бораи ҷанбаҳои шахсӣ ва касбии Исломов Н. қаламфарсоӣ намоем. Саввум, ба қишри пешрафтаи ҷомеа –духтурон ҳамраъйӣ ва ҳамовозии том нишон диҳем, ки ҳар амалу рафтори онҳо ҳаргиз ва ҳаргиз аз мадди назари миллати қадрдони тоҷик сарфи назар нахоҳад шуд. Бо мурури фақат чанд рӯзаке корномаи духтурони сарсупурдаи ин халқ  ба нашр хоҳад расид ва дар таърих нақш хоҳад баст. Зеро дар урфият гуфтаанд, ки ҳар қадар маърифат, дониш, биниш ва андешаю завқи табиб баланд бошад, ҳамон қадар маърифати тиббии  ҷомеа ҳам баланд мешавад.

Қаҳрамонии Исломов Н.Г.  дар он зоҳир мегардад, ки аз рӯзҳои аввали расонаӣ шудани бемории сироятӣ дар кишварҳои ҳамсоя бо як шӯру шавқи касбӣ вориди майдони набард бо ин маризӣ шуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии он ва риояи гигиенаи шахсӣ чорабиниҳои муассир таҳия ва амалӣ намуд.  Баъдан, бо пайдо шудани ашхосе, ки бо оризаву нишонаҳои бемории мазкур гирифторанд, бо ҳамкасбони худ таҳти шиори «Ҳаёти ҳар нафар муҳим аст» тадбирҳои мушаххаси тиббӣ андешида, вазъиятро пурра ба назорат гирифт.

Ба ҳамагон маълум аст, ки беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон дар радифи марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввал дар хати аввали мубориза бо ин беморӣ қарор дошт. Ва бозгӯии як лаҳзаи рӯзи кории Исломов худ таҷассумгари фаъолияти тамоми духтурони тоҷик аст, ки бо ғояҳоии созанда ва рӯҳбахш бо таҳдиду хатари нави сироятӣ даст ба гиребон мебошанд.  Маншаи ин бархӯрди муносиб ва созанда, ки аз фаъолияти рӯзмарраи табибон  иборат мебошад, бовариро дар ниҳоди мардум боло бурда, ҷомеаро аз ботин дигар ва дар сохтмони худсозии куллии халқ нақши калидӣ адо мекунад.

Духтурони тоҷик бо касби таҷрибаи нодир, ковишу ҷустуҷӯҳои давомдор, ҷуръату ҷасорати касбӣ бо ин таҳдиди ҷаҳонӣ муқовимат мекунанд ва инсонпарвариву худгузариро ҳамчун рафтори намунавӣ ба зехни дигарон ворид месозанд. Табиб ба дараҷаи шахсият, қабл аз ҳама,  аз тариқи мутолиоти густурда, ҷасорати шахсӣ, тазкияи рӯҳу равон  ва касбияти эътирофшуда мерасад. Фирдавсӣ меҳвари андеша ва зуҳури ин худсозиро ин тавр тасвир кардааст:

Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,

Ҳамонро гузинад, ки бинад ҳаме.

Бо камоли иродатмандӣ ба табибони тоҷик,

Меҳрдод Қурбониён,

номзади илмҳои физикаю математика

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 720
  • 1,151
  • 886,096