Табибони Аморати Муттаҳидаи Араб қадрдонӣ шуданд

Табибони Аморати Муттаҳидаи Араб қадрдонӣ шуданд
Октябр 29
15:34 2021

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 23 октябр то 2 ноябри соли равон бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Аморати Муттаҳидаи Араб дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» кӯдакони дорои нуқсони модарзодии дил ҷарроҳии ройгон карда мешаванд.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак  намудан ба оилаҳои камбизоатест, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд.

Имрӯз, 29 октябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо табибони Аморати Муттаҳидаи Араб, ки барои анҷом додани ин амали хайрхоҳона ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш ба табибони Аморати Муттаҳидаи Араб барои анҷоми чунин иқдоми хайрхоҳона изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, ин ташаббусро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародар арзёбӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ табибони Аморати Муттаҳидаи Араб бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардида, инчунин, ба кӯдаконе, ки аз амалиёти ҷарроҳӣ гузаштаанд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар   кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик низ иштирок  намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 25
  • 864
  • 1,263
  • 842,613