ТАБИБОНИ МО – ҲАБИБОНИ МО!

ТАБИБОНИ МО – ҲАБИБОНИ МО!
Июл 18
13:37 2020

Агар  ба  таърихи ҷомеаи  ҷаҳонӣ назар  афканем , ба  хубӣ дармеёбем, ки инсоният борҳо  бо  хатарҳои даҳшатнок рӯ ба  рӯ  шудааст. Ҷангҳою  ваҳшигариҳои  даҳшатангез, офатҳои табиӣ,  бемориҳои  гуногуни марговар  мардуми зиёдеро  ба  коми  марг  фурӯ  бурдаанд. Вале  инсоният  барои ҳифзи  худ бо ҳама гуна воқеоту  ҳодисоти  хатарноктарин  мубориза бурд  ва равиши  ҷомеаро ба  маҷрои ҳақиқии  худ дароварда, дар  ҳар  давру  замон сарнавишти ояндаи худро сохт.
Имрӯз  бемории  коронавирус, ки бо  номи  COVID-19   маъмул  аст, мардуми  сайёраро ноорому серташвиш сохтааст. Бо сабаби риоя накардани гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва тавсияҳои  мутахассисон ҷиҳати  пешгирӣ  ин  беморӣ  метавонад дари  ҳар  хонаро кӯбад ва вориди он  шавад. Аз ин  рӯ, риояи  қатъии дастуру тавсияҳои пешниҳодшуда, ки  тавассути  васоити  ахбори  омма  пайваста ба  мардум расонда  мешаванд, ниҳоят зарур аст, то ки саломатии ҳар  як  фарди  ҷомеа  ҳифз  карда  шавад.
Дар пешгирӣ  ва  муолиҷаи сироятёфтагон хизмати табибону  кормандони соҳаи тандурустӣ басо  арзишманд  аст. Аксарияти кулли мутахассисони  соҳаи тиб маҳз  дар  ҳамин  давра масъулияти баланди касбии  худро дарк  карда, садоқати  бепоён доштанашонро  ба  савганди  тиббӣ исбот намуданд, худро ворисони  ҳақиқии  Ҳиппократу  Абуалӣ ибни Сино ва  дигар  олимону  табибони  оламшумул донистанд ва ҷиҳати   ҳифзи саломатии    мардум аз ин беморӣ хизмати  диловарона  карда  истодаанд.
Мехостам аз шумори ҳамин гуна табибони ҳозиқ бо эҳтиром номи Сангмаҳмад Баҳронов, Муяссара Назарова, Додарxон Давлатёровро ба забон гирам.
Сангмаҳмад  Баҳронов  соли 1976, Муяссара  Назарова соли 1978 ва  Додарxон Давлатёров соли 1980 баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ноҳияи Панҷ омада, то имрӯз дар хизмати мардум қарор  доранд. Сангмаҳмад Баҳронов дар давраи  фаъолияти худ ба пешгирӣ ва муолиҷаи гирифторони амрози сил, Муяссара Назарова ба ҳифзи саломатии мардум аз бемориҳои сироятӣ  ва Додарxон Давлатёров ба ҷарроҳию эҳёгарӣ машғуланд. Онҳо дар ҷодаи фаъолияти  тиббӣ на фақат дар ноҳия, балки дар  вилояту  ҷумҳурӣ ҳамчун табибони донишманду устоди  касби худ ва хушмуомила шинохта  шудаанд.
Ин табибони  ғамхору инсондӯст аз рӯзҳои аввали оғози бемории  сироятии коронавируси нав боз ҳам сертараддудтар  гардиданд ва дар муолиҷаи бемории коронавирус ҷиддан камари ҳиммат бастанд. Масъулияту садоқати  онҳоро  дида, табибони дигар низ ваҳму ҳаросро ба дил роҳ  надоданд.
Мардуми ноҳия, ки аз хизматҳои беғаразонаи С. Баҳронов, М. Назарова ва Д. Давлатёров борҳо  бархӯрдор шудаанд, ба онҳо ҳамеша арзи сипос, самимият ва эҳтиром менамоянд.

Пирмаҳмад НУРОВ,ноҳияи Панҷ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 205
  • 579
  • 862,685