Табибони тоҷик дар кишварҳои Япония ва Эрон малакаи касбии хешро баланд мебардоранд

Табибони тоҷик дар кишварҳои Япония ва Эрон малакаи касбии хешро баланд мебардоранд
Январ 30
14:07 2023

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои  мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои олам, ҳамкориҳои хешро низ бо як қатор мамолики олам дар самти мубодилаи таҷрибаи табибони кишвар ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо ба роҳ мондааст.

Дар доираи чунин ҳамкориҳо табибони тоҷик ба кишварҳои гуногуни олам сафар намуда, бо ҳамтоёни хориҷии хеш табодули таҷриба намудаву дар ин самт дониш ва малакаи касбии хешро боз ҳам баланд мебардоранд.

Аз ҷумла, бо мақсади иштирок дар даври омӯзишӣ роҷеъ ба «Идоракунӣ ва нигоҳдории таҷҳизоти тиббӣ», ки аз 20 январ то 23 феврали соли 2023  дар шаҳри Токиои Япония дар назар дошта шудааст,  аз 20 январ то 24 феврали соли 2023 Бузуруков А. ва Эшонов А., мутахассис-муҳандисони КВД «Тоҷиктибтаҷҳизот» ба шаҳри Токиои Япония сафарбар карда шуданд.

Инчунин, бо мақсади гузаштани такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониш Ҷумаев Ш.М., Холов С.А., Иброҳимова Р.,-мутахассисони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмии клиникии стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй», инчунин, Исупов С.С.,  ҷарроҳи ҷоғу рӯйи Муассисаи давлатии «Маркази  миллии тиббии «Шифобахш», Зиёзода М.Р., ҷарроҳи чашм, ассистенти кафедраи офталмологи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», Қосимов А.Ҳ.,  ҷарроҳи чашми Муассисаи давлатии «Маркази тиббии  «Шифобахш» ва Мирзораҳимов Ҳ., мудири шуъбаи ҷарроҳии чашми Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом аз 12 январ то 20 апрели соли 2023 ба шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар  гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 743
  • 1,151
  • 886,119