Табибони тоҷик ва коршиносони байналмилалӣ масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдаконро баррасӣ намуданд

Табибони тоҷик ва коршиносони байналмилалӣ масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдаконро баррасӣ намуданд
Ноябр 15
15:04 2022

14 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳайат реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе вобаста ба таҳлил ва баррасии масъалаҳои  баланд бардоштани сифати кӯмаки беморхонавӣ ва сатҳи антенаталӣ оид ба паст намудани фавти модарону навзодон ва кӯдакон ҷиҳати ноил гаштан ба мақсадҳо дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ  баргузор гардид, ки дар кори он он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, мушовирони байналмилалӣ аз Минтақаи аврупоии ТУТ ва марказҳои ҳамкорикунандаи ТУТ аз Маркази тадқиқотии илмӣ ва перинатологии ба номи академик Кулакови Федератсияи Россия, ходимони илм, табибони пуртаҷрибаи соҳавӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва шарикони оид ба рушд иштирок намуданд

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки масъалаҳои таъмини  ҳифз ва беҳдошти саломатии занону модарон яке аз  самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Далели ин гуфтаҳо такмили мунтазами заминаҳои ҳуқуқии ин масъала, қабули барномаҳои махсус дар ин самт ва сол аз сол зиёд гардидани таваҷҷуҳи зинаҳои гуногуни мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба ин проблема ва тамаюли устувори пастшавии нишондиҳандаи беморшавӣ ва фавти модарону кудакон таи солҳои охир мебошад. Гуфта шуд, ки имрӯз масъалаҳои ташаккули тарзи зиндагии солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзанди солим ва ташкили оилаи солим  дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Дар идомаи ҷаласа аз тарафи ходимони илм ва табибони варзидаи соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ, коршиносони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои нигоҳубини самараноки перинаталӣ ва сарпарастӣ, аудити ҳолатҳои критикӣ, аудити перинаталӣ ва мурдатаваллуд, давраҳои воридсозии модели муосири равонакунии перинаталӣ, шиносномаи модар, скрининги перинаталӣ, скрининги гарданаки бачадон, пешгирии сироят ва назорати сироят, сепсис ва перитонит, тромбоэмболия, буриши қайсарӣ ва вакуум-экстраксия, минтақакунонии хизматрасонии перинаталӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба навзодон ва кудакон  маърӯзаҳо шунида шуда, ҷиҳати рафъи мушкилотҳои ҷойдошта аз ҷониби коршиносони байналмилалии ТУТ тавсиҳои муфид пешниҳод гардиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,049
  • 1,263
  • 842,798