Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сентябр 09
12:25 2023
Бо истифода аз фурсати муносиб кормандони соҳаи тандурустӣ ва тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати яке аз ҷашнҳои таърихӣ барои давлат ва миллати азизамон-Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик ва муборакбод намуда, ба ҳар кадоми онҳо пеш аз ҳама саломатии бардавом, хушбахтиву саодати рӯзгор, муваффақияту бурдборӣ ва ба Ватани биҳиштосоямон осмони софу беғуборро таманно менамоям.
Боиси шарафмандист, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро дар фазои орому осуда ва бо дастовардҳои муҳиму назаррас таҷлил менамоянд.
Воқеан ҳам 9 сентябри соли 1991-Рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми соҳибтамаддуни кишвари азизамон ҷашни муҳиму фархунда ва тақдирсоз ба шумор меравад, ки ҳамасола дар саросари Ватани биҳиштосоямон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Маҳз бо шарофати ин неъмати бебаҳо кишвари азизамон яке аз давлатҳои амнтарини олам эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад.
Ҳанӯз 32 сол муқаддам Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳилаи басо ҳассос ва тақдирсоз ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гардид, ки ин дастовард барои миллати тоҷик арзиши бағоят бузург ва таърихӣ дорад.
Бояд гуфт, ки истиқлолият ҳамчун арзиши волои давлатдорӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик оромиву осоиштагӣ, зиндагии пурсаодат, сарҷамъиву иттиҳод ва якдилӣ овард. Маҳз Истиқлолияти комили миллӣ буд, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ миллати тоҷик дигарбора соҳибдавлат гардид ва дар харитаи олам кишваре бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.
Истиқлолияти давлатӣ давраи бунёдкории мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони онро боло бурд. Таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатӣ обру ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Махсусан, ташаббус ва пешниҳодоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат ҳамовозии амиқ пайдо карданд.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини тоҷикон нақши бунёдгузориро доранд. Хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи эшон дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо аз ҷониби ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ба таври сазовор баҳогузорӣ шуда, ҳам аз нигоҳи илмӣ ва ҳам амалӣ собит гардидааст.
Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии давлатӣ Ҳукумати мамлакат дар баробари дигар соҳаҳои муҳимтарини кишвар, ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин давра баҳри бунёд, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонидани онҳо иқдомҳои бузург амалӣ карда шудаанд.
Баҳри таъмини бонизоми рушди соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо стратегияву консепсия ва барномаҳои соҳавӣ қабул карда шуданд, ки татбиқи босамари онҳо айни замон бомаром идома дорад.
Дастовардҳои олимони тибби тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ назаррас буда, он ба самтҳои ташхиси дақиқ ва роҳҳои нави табобат бо истифода аз технологияи муосири ҷаҳонӣ равона гаштааст. Махсусан, аз ҷониби олимони тибби тоҷик дар ин давра бори аввал дар ҷумҳурӣ муайян намудани сабабҳои пайдоиши сиррози ҷигар, гепатити музмин ва саратони гепатоселюлярӣ дар сатҳи тағйироти генетикӣ дастрас гашта, амалиётҳои ҷарроҳии пайванди узвҳо (гурда, ҷигар), ивази буғум, амалиётҳои ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи эндоскопӣ дар соҳаи акушерӣ–гинекологӣ, стенткунонии роҳҳои шараёни қалб ва амалиётҳои ҷарроҳии пластикӣ, табобат бо ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва ҳомиладоркунии сунъии занҳо ва даҳҳо усулҳои нави ташхису табобати дигар ба роҳ монда шуданд.
Яъне, соҳаи тандурустии кишвар дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба пешравиҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад. Имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ даст мезананд, ки ин амали эшон баҳри баланд бардоштани нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат бамаротиб зиёд гардид.
Дар ин давра бунёд ва ба истифода қарор додани садҳо биноҳҳои хуштарҳу замонавии тандурустӣ худ далели раднопазири онанд, ки воқеан ҳам дар 32-соли Истиқлолияти давлатӣ рушди соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври комил таъмин гардид.
Масалан, агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ҳоло дар кишвар шумораи муассисаҳои тиббӣ ба беш аз 5116 адад расидааст.
Дар маҷмӯъ, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми бахшҳо рушду пешрафт намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, ки ин ҳама дастовардҳо маҳз самараи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Боварии комил дорам, ки минбаъд низ мардуми сарбаланди кишвари азизамон иқдом ва ташаббусҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, аз пештара бештар атрофи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатамон муттаҳид мешаванд ва баҳри боз ҳам рушду пешрафт ва гулгулшукуфоии кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Бори дигар тамоми ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзиро ба ифтихори ин ҷашни фархунда аз самими қалб табрик ва муборакбод намуда, ба ҳар кадоми онҳо беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.
Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 421
  • 650
  • 862,322