Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Модар

Табрикоти вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бахшида ба Рӯзи Модар
Март 07
14:44 2023

Бо камоли хушнудӣ ва арзи эҳтиром ҳамаи занону бонувони мамлакатро бахшида ба фарорасии Рӯзи Модар аз самими қалб табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо сиҳатмандии комил, хушбахтиву саодатмандии бардавом ва зиндагии орому осудро таманно менамоям.

Модар калимаи бузургест, ки бо шуниданиш дар вуҷуди ҳар шахс эҳсоси меҳру муҳаббат, ишқу саодат ва хушбахтӣ тавлид мешавад. Ҳақ бар ҷониби бузургон аст, ки модарро маънии ҳаёт ва домони поки ӯро оғозбахши зиндагонии инсоният маънидод намудаанд.

Бо дарки амиқи бузургии Зан-Модар Ҳукумати Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақом ва мартабаи ин қишри ҷомеа тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта, аллакай ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Аз ин ҷост, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар ҷомеа зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштаанд: “Мо ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.

Боиси хушнудист, ки имрӯз ҳазорҳо занону бонувони мамлакат дар қатори мардон баҳри рушду пешрафти Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат баста, тамоми кӯшиш ва талоши хешро дар ин самт равона сохтаанд.

Дар баробари дигар бахшҳо, саҳми бонувони мамлакат дар рушди соҳаи тандурустӣ низ айни замон хеле назаррас буда, онҳо баҳри татбиқи сиёсати солимии Ҳукумат дар баробари мардон сарбаландона кору фаъолият доранд. Агар маълумотҳои оморӣ назар афканем, пас аз соҳаи маориф (73%) занону бонувон бештар дар соҳаи тандурустӣ (71% аз шумораи умумии кормандон) фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 таҳия ва мавриди амал қарор дода шуда истодааст.

Дар заминаи тадбирҳои зикршуда ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд торафт афзун мегардад. Аз шумораи умумии 652 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 235 (36%) нафарашон занон мебошанд. Дар соли 2022 шумораи роҳбарони марказҳои саломатии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ 1073 нафарро ташкил дод, ки 431(40,2%) нафари онҳо занон мебошанд.

Инчунин, дар дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 30 нафар кадрҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 6 (20,0%) нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Шумораи занони олима дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сол то сол меафзояд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда, айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ  1 нафар академик, 1 нафар аъзои АМИ ҶТ, 30 нафар докторони илмҳои тиб ва 238 нафар номзадони илми тиб занону бонувон фаъолият доранд.

Боварии комил дорам, ки занону бонувони далеру шуҷоъ ва соҳибхиради кишвари азизамон минбаъд низ ҷавобан ба дастгириҳои Роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат сазовор гашта, тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон равона месозанд.

Бори дигар тамоми занону бонувони мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрику шодбош намуда, тамоми хушиҳои зиндагиро баҳрашон таманно дорам.

Рӯзи Модар хуҷаста бод, занону бонувони азиз!

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,005
  • 1,263
  • 842,754