ТАДБИРҲОИ МИНБАЪДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОБИТА БО COVID-19. То 1 сентябри соли 2021 дар марказҳои ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ бунёд карда мешаванд

ТАДБИРҲОИ МИНБАЪДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОБИТА БО COVID-19. То 1 сентябри соли 2021 дар марказҳои ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ бунёд карда мешаванд
Май 30
12:42 2020

То 1 сентябри соли 2021 бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гарданд. Чунин омадааст дар яке аз бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли равон баён доштанд. Нақшаи мазкур 27 май аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перизденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мутобиқи он, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд фаъолияташонро ҷиҳати пурра аз байн бурдани ин беморӣ, сари вақт бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли мушкилоти мавҷуда тақвият бахшанд ва аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида ба Сарвари давлат мунтазам ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки то 15 июн ва минбаъд то ба эътидол омадани вазъи эпидемикӣ бо мақсади қабулу табобати беморон беморхонаҳои муваққатӣ ва катҳои иловагӣ дар беморхонаҳои мавҷуда омода намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро мунтазам зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ва онҳоро бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ таъмин намуда, сатҳи сифати хизматрасониро ба беморон боз ҳам беҳтар кунанд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бояд солҳои 2020-2021 лоиҳаи сохтмони маҷмааи беморхонаи сироятӣ дар пойтахт барои 1500 катро омода карда, аз моҳи сентябри соли 2020 корҳои сохтмонӣ барои 650 катро шурӯъ намоянд.

То 5 июни соли 2020 бо мақсади муайян кардани сабабу оқибатҳои бемории коронавирус бояд бо ҷалби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд ва барои амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешда шавад.

Бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ то 10 июли соли равон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегардад.

Инчунин мутобиқи ин санад, вазорату идораҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки то 1 август барнмоаи давлатии миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, махсусан мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизат бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 135
  • 854
  • 917,652