Таъмин гардидани МД “Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон” бо муляж ва фантомҳо

Таъмин гардидани МД “Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон” бо муляж ва фантомҳо
Июл 05
12:19 2022

Рушди тибби оилавӣ ҳамчун яке аз риштаҳои калидии соҳаи тандурустӣ дар маърази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар доираи дастгириҳои судманд ба он, ин шохаи соҳаи тандурустӣ дар ҳоли рушд қарор гирифтааст.

Агарчӣ фаъолияти тибби оилавӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз аз соли 1998 бо ҳадафи дар сатҳи баланд бароҳ мондани хизматрасониҳои тиббию санитарӣ  ҷорӣ гардид, вале дар ҳамкории судманд бо шарикон оид ба рушд ин шохаи тибб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дасторвадҳои назарраси илмиву амалӣ дастёб шудааст.

Аз давраи бароҳ мондани низоми фаъолияти тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати мамлкат бо ҳадафи густариши фаъолияти он дар кишвар аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд, ки ҳамкории мутақолан судманд бо ташкилотҳои байналмиллалӣ ва хоссатан Бонки умумиҷаҳонӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти тиббӣ оилавӣ дар Ҷуҳирии Тоҷикистон аз зумраи онҳо маънидод мегардад.

Дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ дар низоми тибби оилавӣ тули чанд сол аст, ки Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” фаъолият менамояд, ки ҳадафи аслии он таъмиру азнавсозии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ,  таҷҳизонидани муассисаҳои КАТС бо лавозимоти тиббӣ, инчунин, ҷалби мутахассисон ба курсҳои омӯзишии тибби оилавӣ ва ғ маънидод мегардад.

Ҳамин аст, ки дар доираи дастгириҳои Лоҳаи мазкур таваҷӯҳи мутахассисон ба шохаи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар мегардад ва сафи табибони оилавӣ ҳамоно рӯ ба афзоиш овардааст.

Чанде қабл дар доираи дастгириҳои Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” боз як шумори муаяни мутахассисони тибб дар вилояти Хатлон курси бозомӯзии тибби оилавиро хатм намуда, бо диплом ва борхалтаҳои тиббӣ ва протоколҳои клиникӣ  таъмин шуданд, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи Лоиҳа Муассисаи  давлатии  “Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон” ҷиҳати дар сатҳи баланд бароҳ мондани курсҳои бозомӯзии тибии оилавӣ бо дастгоҳҳои муляж ва фантом ё худ маникентҳо барои омӯзиши кумаи авввалият тиббӣ ба маблағи 24 930 доллари Амрикоӣ таъмин гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои пайвастаи шарикон оид ба рушд шохаи тибби оилавӣ дар саросари мамлакат дар ҳоли рушд қарор гирифта истодааст, ки ин раванд ба боло рафтани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалият тиббӣ мусоидар хоҳад кард.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 681
  • 1,103
  • 947,419