ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд
Март 06
10:12 2023

Тибқи таҳқиқоте, ки дар Британияи Кабир гузаронида шуд, барои фаҳмидани манфиати машқҳои ҷисмонӣ пиёда гаштан кофӣ аст. Маълум гардид, ки дар як рӯз 11 дақиқа ба варзиш машғул шудан метавонад аз 10 як марги бармаҳалро пешгирӣ кунад. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба BBC хабар додааст.

Хадамоти миллии тандурустӣ барои калонсолон дар як ҳафта 150-300 дақиқа фаъолиятро бо машқҳои мӯътадил ё 75-150 дақиқа фаъолиятро бо машқҳои бошиддат дар як ҳафта тавсия медиҳад.

Таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот оид ба манфиати фаъолияти ҷисмонӣ нишон дод, ки ҳатто иҷрои нисфи машқҳои тавсияшудаи ҷисмонӣ, ки ба 75 дақиқа дар як ҳафта ё 11 дақиқа дар як рӯз рост меояд, метавонад яке аз 20 ҳолати бемориҳои дилу раг ва яке аз 30 ҳолати саратонро пешгирӣ кунад. Ба ҳаёти ҳаррӯза велосипедронӣ, роҳгардии тез, сайру гашти пиёда ё рақсро дохил кардан мумкин аст.

Муҳаққиқон иброз медоранд, ки 150 дақиқа дар як ҳафта машғул шудан ба варзиш метавонад аз шаш як марги бармаҳалро пешгирӣ кунад.

Хадамоти миллии тандурустӣ ба калонсолон тавсия медиҳад, ки дар як ҳафта ду маротиба машқ кунанд, то ки мушакҳояшон мустаҳкам гардад.

Йога, пилатес, вазнбардорӣ, боғдорӣ, то ба мағоза пиёда рафтан барои хариди маҳсулот низ ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонанд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 751
  • 868
  • 758,770