Ташрифи намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Май 20
15:18 2021

Имрӯз, 20 майи соли равон мулоқоти  сатҳи баланди ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Лилия Бурунчук Директори минтақавии бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Мраказӣ бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода  ва ҳайати баладпояи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар ҳайати он Лилия Бурунчук Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ барои Осиёи Маказӣ, Ян-Петер Олтерс  намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Татяна Проскурякова, намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Руминия ва Маҷористон  ҳузур доштанд.

Дар рафти мулоқот,  ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутаҳобилан судманди ҳарду ҷониб дар бахши тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ғафур Муҳсинзода, авалан ҳузури намояндагони Бонки умумиҷаҳониро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аз намояндагони ин ниҳод дар самти дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ сипосгузорӣ намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз Лоиҳаҳои амалкунанда дар самти пешрафти соҳаи тандурустӣ, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд гуфтушунид намуда,  соҳаи тандурустии кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар навбати худ Лилия Бурунчук, Директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ   иброз дошт, ки  ниҳоди мазкур кушиш ба харҷ медиҳад, то бобати ҳаллу фасли мушкилоти соҳа ва дар замиминаи он пешбурди вазъи хизматрасонии тиббӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Номбурда ҳамзамон таъкид намуд, ки то ба санаи 01 июли соли 2021 масъулияти Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказиро Татяна Проскурякова бар зимма хоҳад гирифт ва умед аст, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар тамоми соҳаҳо рушду нумӯ пайдо намояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 481
  • 956
  • 913,181