Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт
Апрел 20
19:29 2022

20 апрели соли 2022 дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон оид ба муҳокимаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудаввар таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода  баргузор гардида, ҳамзамон дар он роҳбари намояндагии доимии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавскиӣ, иқтисодчии калони Бонки ҷаҳонӣ Мирья Шоблом, намояндагони аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ, аз ҷумла вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кумитаи андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, сардорони раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва мутахассисони лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи тандурустӣ иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки ин дуюмин ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртави тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳисоб меравад.

Мақсади асоси ҷаласа иҷрои супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2022, №25/3-20(2) ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, дар асоси он тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд.

Дар чорабинӣ аз тарафи коршиноси байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои маблағгузории бахши тандурустӣ  хонум Алёна Горошко мавзӯъҳои “Таҳлили фазои молиявии Тоҷикистон” ва “Таҷрибаи дигар давлатҳо – таҷрибаи Ӯзбекистон”  ба иштироккунандагон муаррифӣ карда шуданд.

Инчунин, дар  идомаи мизи мудаввар доктор Дрис Зин Эдинне Эл Идрисси, иқтисодчии пешбар оид ба тандурустии Бонки ҷаҳонӣ  дар мавзӯи  “Таҷрибаи дигар давлатҳо – таҷрибаи Шри Ланка” баромад намуд.

Ҳамин тавр, масъалаҳои пешниҳодгардида оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи иштироккунандагон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 705
  • 1,103
  • 947,443