Тавсеаи иштироки ҷамоаҳо дар пешниҳоди хизматрасонӣ ва ҷонибдории тарзи ҳаёти солим барои тақвияти низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон

Тавсеаи иштироки ҷамоаҳо дар пешниҳоди хизматрасонӣ ва ҷонибдории тарзи ҳаёти солим барои тақвияти низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон
Май 10
17:29 2024
Санаи 8-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тавсеаи иштироки ҷамоаҳо дар пешниҳоди хизматрасонӣ ва ҷонибдории тарзи ҳаёти солим барои тақвияти низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашурзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, роҳбари барномаҳо оид ба тандурустӣ, Намояндагии Иттмҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикон оид ба рушд роҳбарони як қатор муассисаҳои КАТС-и шаҳри Душанбе ва шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ба шарикон оид ба рушд барои дастгирии пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён карда, чорабинии мазкурро як қадами устувор дар самти густариши ҳамкориҳои судманди вазорат бо шарикон оид ба рушд арзёбӣ намуд.
 
Махсусан қайд карда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, айни замон бо дастгирии молиявии он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд (ТУТ, ЮНИСЕФ ва GIZ) Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025-ро амалӣ карда истодааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 431
  • 956
  • 913,131