Тавсияи мутахассис ба шахсони рӯзадор

Май 26
10:18 2017

Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имсол оғози моҳи шарифи Рамазон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро 27 май эълон намуд.

Вобаста ба рӯзагирӣ дар фасли гармо, дар кадом ҳолат раво набудани рӯзагирӣ  хабарнигори  сомонаи иттилооти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон moh.tj бо Сайфулло Авезов муовини директори Пажухишгохи Гастроэнтерология суҳбат намуда чунин тавсияҳоро пешниҳод менамояд:

 Барои беморони кадом намуди маризӣ доштани рӯза ҷоиз нест?

Барои беморони гирифтори захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, панкреатити музмин дар марҳилаи хуруҷ, исҳоли музмин, колити ғайривижавии захмӣ, беморони вазнини ҷигар, ба монанди сиррози ҷигар, диабети қанд доштани рӯза ҷоиз нест. Зеро ташнагӣ ва гуруснагии зиёд метавонад сабаби авҷгирӣ ва ё вазниншавии аҳволи ин беморон гардад.

Дар вақти рӯзадорӣ худро бад эҳсос намудан чи бояд кард?

Агар шахси рӯзадор худро бад эҳсос кунад, ягон шикоят ва аломати беморӣ дар бадани худ пайдо кунад, ҳатман ба табиби оилавии худ муроҷиат намояд. Табиб дар асоси муоина ва ташхиси бемор маслиҳати зарурии худро медиҳад.

Дар вақти рӯзадорӣ аз кадом намуди ғизо парҳез бояд намуд?

Парҳез дар ҳама вақт зарур аст. Дар моҳи шарифи Рамазон кушиш намоед, ки ғизои сабук истеъмол намоед, то ба узвҳои ҳозимаи Шумо таъсири манфӣ нарасонад. Аз хуроке, ки равғани ҳайвонот ва шириниҳо дорад, парҳез кунед.  Ҳангоми нӯшидани об ва шарбати мева бояд ба дараҷаи хунукии он низ аҳамият дод. Он набояд хеле хунук бошад, зеро метавонад ба меъдаи шахси рӯзадор таъсири бад расонад

Дар айёми  рӯзадорӣ субҳона ва шомгоҳон чиро бештар истеъмол бояд кард?

Субҳона хурокҳои аз шир тайёр шуда, гушти обпаз, салати сабзавоти тару тоза, мева (як себ, ё 3-4 дона зардолу) ва нушокиҳо (то 1,5 литр) истеъмол намоед.

Шомгоҳон аз нушинади нушокиҳо сар кунед, ва пас аз 10-15 дақиқа ба масрафи хурокаҳои камравғани гуштин ва ё сабзавотӣ сар кунед. Кушиш кунед, ки хурокро оҳиста, батадриҷ, хоида фуру баред. дар ҳолати саросемагӣ шахс бештар хурок мехурад ва гирифтори фарбеҳӣ мешавад. Ҳиссиёти гуруснагӣ ва серӣ аз фаъолияти ҳормонҳои бадан вобаста аст. Ҳангоми бадатриҷ хурдан, ҳормонҳои серӣ дар хун афзуда ҳиссиёти сершавиро медиҳанд ва шахс камтар хурок истеъмол менамояд.

Ҳар шом хуроки худро дигар намояд. Масалан як руз аз биринҷ, рузи дуюм аз картошка, рузи сеюм аз лубиё, дигар руз аз мош ё марҷумак хурок тайёр намоед. Дар шомгоҳон низ хурдани меваро низ фаромуш накунед.

Кушиш намоед, ки пас аз 2-3 соати хуроки шом хоб равед.

Хуроки бештар дар субҳона бе иллат хоҳад буд ва ё шомгоҳон?

Хуроки зиёд  ҳам субҳона ва ҳам шом зарар дорад. Зеро метавонад сабаби бисёр бемориҳо ва ё хуруҷи бемориҳои музмини узвҳои ҳозима гардад. Яке аз бемориҳое, ки аз пурхурӣ пайдо мешавад, фарбеҳӣ аст, ки худ сабаби бемориҳои зиёди дастгоҳҳои гуногуни бадан, чун диабети қанд, фишорбаландии шараёнӣ, санги талха, фибрози ҷигар ва ғайра мекардад.

Маъруфзода Суғдмеҳр

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 95
  • 1,058
  • 888,507